https://sputnik.tj/20210705/sharifjon-modaru-duhtare-16-sol-bekhona-manzil-1040652996.html
Доро нестам: акаи Шарифҷон ба модару духтаре, ки 16 сол бехона буданд, манзил сохт
Доро нестам: акаи Шарифҷон ба модару духтаре, ки 16 сол бехона буданд, манзил сохт
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкоре барои модару духтари ниёзманд хона сохтааст
2021-07-05T15:18+0500
2021-07-05T15:18+0500
2021-07-05T15:18+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯмак
манзил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/22/1027912207_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_b84b5131e8aa077c09f16797850d8d37.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб соҳибкоре барои модару духтаре, ки 16 сол бехона буданд, манзил сохтааст.Дар ин бора сомаи "Оила" дар ҳошияи барномаи "Умеди охирин" хабар додааст.Фотима ва духтараш Умеда пештар ба сомонаи "Оила" муроҷиат кардаанд, ки ба дасти кӯмак ниёз доранд. Соҳибкор Шарифҷон ин барномаро тамошо карда, мақсад гузоштааст, ки ба онҳо кӯмак мекунад."Худам ҳам доро нестам. Аммо ман мақсад гузоштам, ки ба духтару модари ниёзманд кӯмак мекунам", - мегӯяд дар навор Шарифҷон.Замини манзил аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон ҷудо карда шудааст.Бино бар иттилои манбаъ, хона бо сифати баланд таъмир карда шуда, рӯзҳои наздик, бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла, яхдон, тафдон, кондисанер, телевизеор, компютер, ҷевон барои ошхона, курпаю болиш, дегу табақу коса ва дигар маҳсулоти лозимӣ муҷаҳаз мегардад. Соҳибкор ҳамчунин ваъда додааст, ки Умедаро барои шомил шудан ба дилхоҳ донишгоҳ кумак хоҳад кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/22/1027912207_258:0:2989:2048_1920x0_80_0_0_406d619ad81ff1a785fbef106c4e00a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манзил
Доро нестам: акаи Шарифҷон ба модару духтаре, ки 16 сол бехона буданд, манзил сохт
Зан бо духтараш, ки бемор будааст 16 сол ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб соҳибкоре барои модару духтаре, ки 16 сол бехона буданд, манзил сохтааст.
Дар ин бора сомаи "Оила" дар ҳошияи барномаи "Умеди охирин" хабар додааст.
Фотима ва духтараш Умеда пештар ба сомонаи "Оила" муроҷиат кардаанд, ки ба дасти кӯмак ниёз доранд. Соҳибкор Шарифҷон ин барномаро тамошо карда, мақсад гузоштааст, ки ба онҳо кӯмак мекунад.
"Худам ҳам доро нестам. Аммо ман мақсад гузоштам, ки ба духтару модари ниёзманд кӯмак мекунам", - мегӯяд дар навор Шарифҷон.
Замини манзил аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон ҷудо карда шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, хона бо сифати баланд таъмир карда шуда, рӯзҳои наздик, бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла, яхдон, тафдон, кондисанер, телевизеор, компютер, ҷевон барои ошхона, курпаю болиш, дегу табақу коса ва дигар маҳсулоти лозимӣ муҷаҳаз мегардад.
Соҳибкор ҳамчунин ваъда додааст, ки Умедаро барои шомил шудан ба дилхоҳ донишгоҳ кумак хоҳад кард.