https://sputnik.tj/20210705/rospotrebnadzor-koronavirus-iqtisod-rusiya-ziyon-1040643136.html
Роспотребнадзор гуфт, коронавирус ба иқтисоди Русия чӣ қадар зиён овард
Роспотребнадзор гуфт, коронавирус ба иқтисоди Русия чӣ қадар зиён овард
Sputnik Тоҷикистон
Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо тақрибан 183 миллиард рубл ва барои санҷишҳо 108 миллиард рубл масраф шудааст.
2021-07-05T11:50+0500
2021-07-05T11:50+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
иқтисод
зиён
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101363/56/1013635662_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_d444462877fec45383532b20645d11e8.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Соли гузашта коронавирус ба иқтисоди Русия ҳудуди триллион рубл зиён овард, менависад РИА Новости .Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо тақрибан 183 миллиард рубл ва барои санҷишҳо 108 миллиард рубл масраф шудааст.Илова бар ин, аз ҳисоби буҷа барои дастгирии аҳолӣ дар замони пандемия на камтар аз 515 миллиард рубл ихтисос дода шуд.Манбаъ меафзояд, баъзе маблағҳое, ки аз буҷаи кишвар барои ташкил ва расонидани ёрии тиббӣ ба беморони COVID-19 ҷудо карда шуд, ҳадди аққал 189,452 миллиард рублро ташкил медиҳанд.Ёдовар мешавем, ки аз оғози пандемия дар Русия 5,6 миллион нафар мубталои коронавирус гардиданд, ки аз ин миён табибон ҷони 138 ҳазор нафарро наҷот дода натавонистанд.То ҳол 151 миллион санҷишҳо гузаронида шудааст ва ҳоло маъракаи сартосарии ваксинзанӣ ҷараён дорад.Ба ин маърака муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҷалб карда шуданд ва танҳо дар Маскав ду нуқтаи ваксингузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шуданд, ки яке дар бозори "Садовод" ва дигаре дар Маркази ягонаи муҳоҷират фаъол ҳастанд.Арзиши ваксин 1300 рубл аст ва муҳоҷирон бо "Спутник Лайт" ваксин мезананд.
https://sputnik.tj/20210704/margbortarin-hafta-az-hisobi-koronavirus-dar-rusiya-1040635396.html
https://sputnik.tj/20210704/vaksingiri-muhojiron-rusiya-navor-1040634959.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101363/56/1013635662_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_6a0ccf451c5e2a53d4b20d88c25ee338.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия роспотребнадзор иқтисод коронаиврус
русия роспотребнадзор иқтисод коронаиврус
Роспотребнадзор гуфт, коронавирус ба иқтисоди Русия чӣ қадар зиён овард
11:50 05.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо тақрибан 183 миллиард рубл ва барои санҷишҳо 108 миллиард рубл масраф шудааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Соли гузашта коронавирус ба иқтисоди Русия ҳудуди триллион рубл зиён овард, менависад РИА Новости .
"Ҳатто бидуни назардошти талафоти маҳсулоти нохолиси миллии истеҳсолнашуда зарар ба 997,06 миллиард рубл баробар шуд", - менависад РИА Новсти бо истинод ба маълумоти Роспотребнадзор.
Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо тақрибан 183 миллиард рубл ва барои санҷишҳо 108 миллиард рубл масраф шудааст.
Илова бар ин, аз ҳисоби буҷа барои дастгирии аҳолӣ дар замони пандемия на камтар аз 515 миллиард рубл ихтисос дода шуд.
Манбаъ меафзояд, баъзе маблағҳое, ки аз буҷаи кишвар барои ташкил ва расонидани ёрии тиббӣ ба беморони COVID-19 ҷудо карда шуд, ҳадди аққал 189,452 миллиард рублро ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози пандемия дар Русия 5,6 миллион нафар мубталои коронавирус гардиданд, ки аз ин миён табибон ҷони 138 ҳазор нафарро наҷот дода натавонистанд.
То ҳол 151 миллион санҷишҳо гузаронида шудааст ва ҳоло маъракаи сартосарии ваксинзанӣ ҷараён дорад.
Ба ин маърака муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҷалб карда шуданд ва танҳо дар Маскав ду нуқтаи ваксингузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шуданд, ки яке дар бозори "Садовод" ва дигаре дар Маркази ягонаи муҳоҷират фаъол ҳастанд.
Арзиши ваксин 1300 рубл аст ва муҳоҷирон бо "Спутник Лайт" ваксин мезананд.