https://sputnik.tj/20210705/prezident-davlat-safar-tayin-kard-1040652778.html
Президент Давлат Сафарро ба ҷои муовини вазири “фавтида аз коронавирус” таъйин кард
Президент Давлат Сафарро ба ҷои муовини вазири “фавтида аз коронавирус” таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Давлат Сафарт рӯзноманигор, шоир, нависанда узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин шуд
2021-07-05T15:14+0500
2021-07-05T15:14+0500
2021-07-21T14:21+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
таъйин
вазир
таъйиноти кадрӣ
муовини вазир
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102660/84/1026608457_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_2380520a18c4bf4897e1d87f0578d704.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Давлат Сафар, рӯзноманигор, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба вазифаи мовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин шуд.Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора ахиран имзо шуд. Ба иттилои манбаи Sputnik Тоҷикистон, Давлат Сафар аллакай дар Вазорати фарҳанг ба ҳайси ноиби нави вазир расман муаррифӣ шудааст. Бояд қайд кард, ки Давлат Сафар дар ин мақом ба ҷои Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ки санаи 19 июн, бо аломатҳои бемории коронавирус даргузашт, таъйин шудааст. Манобеи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки Қурбоналӣ Абдураҳимзода, дар синни 57 – солагӣ аз хуруҷи дигарбораи маризии “вируси корона” даргузашт. Ӯ расо як сол қабл 18 июн муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм таъйин шуда буд.Давлат Сафар, муовини нави вазири фарҳанги Тоҷикистон 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба дунё омадааст.Ӯ соли 1982 мактаби миёнаи №7 - и зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз карда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштааст. Аз ҷумла солҳои 2012-2014 дар мақоми директори генералии КВД “Тоҷиккино”, аз соли 2014 ба ҳайси сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аз соли 2019 ба ҳайси мудири нашриёти “Адиб” кор кардааст. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои “Пайғоми ишқ” (1998), “Шеъи гаҳвора” (2010), “Шаҳбол” (2010), “Авҷи парвоз” (2011), “Дурахши истиқлол” (2011), “Девони ашъор” (Кобул, 2013), “Исёни ғурур” (2013) ва ғайра гирд оварда шудаанд.
https://sputnik.tj/20210619/20-ruzi-ohir-bemorhona-bud-vazorat-darguzashti-muovini-vazir-1040316982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102660/84/1026608457_196:0:2011:1361_1920x0_80_0_0_a01b657650fb52de0712e3447358f065.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, давлат сафар, муовини вазир, фарҳанг, таъйин
тоҷикистон, давлат сафар, муовини вазир, фарҳанг, таъйин
Президент Давлат Сафарро ба ҷои муовини вазири “фавтида аз коронавирус” таъйин кард
15:14 05.07.2021 (Навсозишуда: 14:21 21.07.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, шоир Давлат Сафарро ба вазифаи муовини вазири фарҳанги кишвар таъйин кард
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Давлат Сафар, рӯзноманигор, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба вазифаи мовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин шуд.
Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора ахиран имзо шуд.
Ба иттилои манбаи Sputnik Тоҷикистон, Давлат Сафар аллакай дар Вазорати фарҳанг ба ҳайси ноиби нави вазир расман муаррифӣ шудааст.
Бояд қайд кард, ки Давлат Сафар дар ин мақом ба ҷои Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ки санаи 19 июн, бо аломатҳои бемории коронавирус даргузашт, таъйин шудааст.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки Қурбоналӣ Абдураҳимзода, дар синни 57 – солагӣ аз хуруҷи дигарбораи маризии “вируси корона” даргузашт. Ӯ расо як сол қабл 18 июн муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм таъйин шуда буд.
Давлат Сафар, муовини нави вазири фарҳанги Тоҷикистон 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба дунё омадааст.
Ӯ соли 1982 мактаби миёнаи №7 - и зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз карда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштааст. Аз ҷумла солҳои 2012-2014 дар мақоми директори генералии КВД “Тоҷиккино”, аз соли 2014 ба ҳайси сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аз соли 2019 ба ҳайси мудири нашриёти “Адиб” кор кардааст. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои “Пайғоми ишқ” (1998), “Шеъи гаҳвора” (2010), “Шаҳбол” (2010), “Авҷи парвоз” (2011), “Дурахши истиқлол” (2011), “Девони ашъор” (Кобул, 2013), “Исёни ғурур” (2013) ва ғайра гирд оварда шудаанд.