https://sputnik.tj/20210705/pisar-beg-sabur-boziho-tokio-rohhat-1040643773.html
Писари Бег Сабур Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио намояндагӣ мекунад
Писари Бег Сабур Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио намояндагӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Писари Бег Сабур Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио намояндагӣ мекунад
2021-07-05T11:56+0500
2021-07-05T11:56+0500
2021-07-05T11:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
писар
бег сабур
кумитаи миллии олимпии ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/13/1024541384_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_5226f848f4ba005d8763270b731021ad.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сиёвуш Зуҳуров писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпӣ.Ба иттилои манбаъ, Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 дарёфт намуд.Ба ҳамин минвол, Сиёвуш ҳамакнун намояндаи 11 - уми Тоҷикистон дар ин олимпиада хоҳад буд.Ин варзишгар, ки ҳамагӣ 28 сол дорад, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон ҷойи аввал ишӯол кард.Илова бар ин, Сиёвуш иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010 буда, дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ ахиран дар Қаҳрамонии Осиё-2021, ки дар Дубай доир шуд, ҷои панҷумро азхуд кард.Ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 Тоҷикистонро 11 нафар: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) намояндагӣ мекунанд.Ин бозиҳо аз 23 июл оғоз ёфта то 8 августи соли ҷорӣ идома меёбанд.
https://sputnik.tj/20200226/Az-Nilufar-to-Siyovush-Zuhurov-12-mushtzani-tojik-baroi-rohkhati-olimpi-zurozmoi-mekunand-1030778214.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/13/1024541384_43:0:794:563_1920x0_80_0_0_a5e191e0a4ec0894fec7dcb25c446a3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бег сабур писар олимпиада токио
бег сабур писар олимпиада токио
Писари Бег Сабур Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио намояндагӣ мекунад
11:56 05.07.2021 (Навсозишуда: 11:57 05.07.2021) Писари Бег Сабур дар вазни беш аз 91 кило Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз намуди бокс намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сиёвуш Зуҳуров писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт,
хабар медиҳад Кумитаи милли олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 дарёфт намуд.
Ба ҳамин минвол, Сиёвуш ҳамакнун намояндаи 11 - уми Тоҷикистон дар ин олимпиада хоҳад буд.
Ин варзишгар, ки ҳамагӣ 28 сол дорад, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон ҷойи аввал ишӯол кард.
Илова бар ин, Сиёвуш иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010 буда, дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст.
Ӯ ахиран дар Қаҳрамонии Осиё-2021, ки дар Дубай доир шуд, ҷои панҷумро азхуд кард.
Ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 Тоҷикистонро 11 нафар: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) намояндагӣ мекунанд.
Ин бозиҳо аз 23 июл оғоз ёфта то 8 августи соли ҷорӣ идома меёбанд.