https://sputnik.tj/20210705/marg-mansabdoron-prezident-kadrho-nav-tayin-1040662361.html
Даргузашти мансабдорон: Президент ба ҷои фавтидаҳо кадрҳои навро таъйин кард
Даргузашти мансабдорон: Президент ба ҷои фавтидаҳо кадрҳои навро таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷои мақомдороне, ки номашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар феҳрасти қурбониёни коронавирус зикр шудаанд, кадрҳои навро таъйин намуд
2021-07-05T18:07+0500
2021-07-05T18:07+0500
2021-07-05T18:41+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040222725_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_61434000e46ba45af4e985194e9a9ae0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт бо сабаби вафоташ аз вазифаи директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод гардид. Саидвализода бар асоси иттилои нашршуда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз қурбониёни мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон мебошад, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст. Бо амри дигари раисиҷумҳур Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин гардид. То ҳол Саъдуллозода Сӯҳроб дар мақоми сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ кор мекард. .Инчунин ба ҷои Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ки дар синни 57 – солагӣ пас аз хуруҷи дигарбораи маризии вируси корона даргузашт, Давлат Сафарзода таъйин шудааст, ки то ҳол роҳбарии нашриёти “Адиб” – ро ба уҳда дошт. Инчунин бо фармони раисиҷумҳур, ваколати судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Зарифзода Абдулхайр Зардак бинобар вафоташ қатъ гардид.
https://sputnik.tj/20210705/maqom-nav-domod-raisijumhur-pisari-sherali-gul-1040661469.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040222725_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_9ea3f63e578f9966cbe5aa9a10b85286.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, президент, тағйирот, кадрӣ, фармон
эмомалӣ раҳмон, президент, тағйирот, кадрӣ, фармон
Даргузашти мансабдорон: Президент ба ҷои фавтидаҳо кадрҳои навро таъйин кард
18:07 05.07.2021 (Навсозишуда: 18:41 05.07.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷои мақомдороне, ки номашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар феҳрасти қурбониёни коронавирус зикр шудаанд, кадрҳои навро таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт бо сабаби вафоташ аз вазифаи директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод гардид. Саидвализода бар асоси иттилои нашршуда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз қурбониёни мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон мебошад, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Бо амри дигари раисиҷумҳур Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин гардид. То ҳол Саъдуллозода Сӯҳроб дар мақоми сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ кор мекард. .
Инчунин ба ҷои Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ки дар синни 57 – солагӣ пас аз хуруҷи дигарбораи маризии вируси корона даргузашт, Давлат Сафарзода таъйин шудааст, ки то ҳол роҳбарии нашриёти “Адиб” – ро ба уҳда дошт.
Инчунин бо фармони раисиҷумҳур, ваколати судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Зарифзода Абдулхайр Зардак бинобар вафоташ қатъ гардид.