Забти ду минтақаи Бадахшон аз ҷониби "Толибон"* ва ақибнишинии 300 низомӣ ба Тоҷикистон

© котиботи КДАМ ТоҷикистонНизомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Обуна шудан
КДАМ ҶТ аз ҳамлаи шомгоҳии "Толибон" ва забти ду минтақаи вилояти Бадахшон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки шоми 3 июл, тақрибан соати 18:30 вазъият дар ду минтақаи вилояти Бадахшон мураккаб шуд.
Бино ба гузориши КДАМ, вазъ дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати “Толибон” тасарруф шуданд.
Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҳаракати “Толибон” комендатураи сарҳадии “Овез”-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол намуданд.

"Бештар аз 300 низомии Қувваҳои мусаллаҳи ҶИА ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и Отряди сарҳадии "Ш.Шоҳин" сарҳади давлатиро убур карда, ба худуди Тоҷикистон гузаштанд", - омадааст дар хабарнома.

КДАМ мегӯяд, сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.
Атомухаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Ҳамла ба хонаи Ато Муҳаммади Нур: чаҳор нафар захмӣ шуданд
Манбаъ афзуда, ки вазъият дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Ёдрас мешавем, ки тайи як моҳи ахир "Толибон" 13 вулусволии вилояти Тахорро забт карданд. Се вулусволии дигар – Фархор, Варсач ва Калафгон, ҳамчунин шаҳри Толиқон – маркази вилоят ҳанӯз дар ихтиёри ҳукумати Афғонистон аст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0