https://sputnik.tj/20210704/darguzasht-hamsar-muzaffarov-sobiq-vazir-moliya-1040638574.html
Даргузашти ҳамсари Музаффаров, собиқ вазири молия аз “вируси корона"
Даргузашти ҳамсари Музаффаров, собиқ вазири молия аз “вируси корона"
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Анваршо Музаффаров, собиқ вазири молия аз бемории ҳамагири коронавирус субҳи имрӯз дар шифохонаи маъруф ба “Якум Советский”- и Душанбе даргузашт
2021-07-04T20:04+0500
2021-07-04T20:04+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
даргузашт
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Яке аз наздикони хонаводаи собиқ вазири молия дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳамдамова як ҳафта ба ин тараф бо нишонаҳои бемории “вируси корона” бистарӣ буд, вале имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд. Дар бораи даргузашти ҳамсари Анваршо Музаффаров баъзе аз ҳамсабақони собиқ вазири молия тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ изҳори тасаллият баён намудаанд.Бино ба иттилои манобеъ, Анваршо Музаффаров низ як ҳафта ба ин тараф дар Шифохонаи “Якум Советский” бистарӣ буда, хушбахтона аз рӯзҳои қаблӣ дида ҳоло вазъи саломатиаш беҳбуд ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки Музаффаров Анваршо Музаффарович солҳои 2000 – 2004 вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хуруҷи дубораи коронавирус ба ТоҷикистонБа маълумоти расмӣ вируси COVID - 19 аз 21 июн боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд. Дар давоми 13 рӯз, Вазорати тандурустӣ танҳо аз фавти ду бемор хабар дода буд.То 3 июл дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 13569 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13346 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди умумии гузаштагон бар асари коронавирус аз соли гузашта то ҳол расман 92 нафар арзёбӣ мешавад. Табибон дар бораи риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ ҳадс зада, аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки бастани ниқоб, шустани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоят кунанд.
https://sputnik.tj/20210702/marg-koronavirus-tojikiston-omor-vazorat-1040609117.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, даргузашт
тоҷикистон, коронавирус, даргузашт
Даргузашти ҳамсари Музаффаров, собиқ вазири молия аз “вируси корона"
20:04 04.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Гулширин Ҳамдамова, ҳамсари Анваршо Музаффаров, собиқ вазири молия аз бемории ҳамагири коронавирус субҳи имрӯз дар шифохонаи маъруф ба “Якум Советский” и Душанбе даргузашт
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Яке аз наздикони хонаводаи собиқ вазири молия дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳамдамова як ҳафта ба ин тараф бо нишонаҳои бемории “вируси корона” бистарӣ буд, вале имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Дар бораи даргузашти ҳамсари Анваршо Музаффаров баъзе аз ҳамсабақони собиқ вазири молия тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ изҳори тасаллият баён намудаанд.
“Сад афсӯс, ки ин бемории хатарзо ҷони боз як модари дуогӯй, ҳамсари бовафои ҳамсабақи азизи мо, собиқ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваршо Музаффаровро рабуд”, - изҳор намудааст, Карамулло Одилов, аз ҳамсабақони собиқ вазири молия.
Бино ба иттилои манобеъ, Анваршо Музаффаров низ як ҳафта ба ин тараф дар Шифохонаи “Якум Советский” бистарӣ буда, хушбахтона аз рӯзҳои қаблӣ дида ҳоло вазъи саломатиаш беҳбуд ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Музаффаров Анваршо Музаффарович солҳои 2000 – 2004 вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Хуруҷи дубораи коронавирус ба Тоҷикистон
Ба маълумоти расмӣ вируси COVID - 19 аз 21 июн боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд. Дар давоми 13 рӯз, Вазорати тандурустӣ танҳо аз фавти ду бемор хабар дода буд.
То 3 июл дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 13569 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13346 нафар шифо ёфтаанд.
Теъдоди умумии гузаштагон бар асари коронавирус аз соли гузашта то ҳол расман 92 нафар арзёбӣ мешавад.
Табибон дар бораи риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ ҳадс зада, аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки бастани ниқоб, шустани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоят кунанд.