https://sputnik.tj/20210704/chorshanbe-chorshanbiev-tojikro-ittihod-davat-1040634564.html
Чоршанбиев аз маҳалчигӣ гуфту тоҷиконро ба иттиҳод даъват кард: Тоҷикистонро дӯст медорам
Чоршанбиев аз маҳалчигӣ гуфту тоҷиконро ба иттиҳод даъват кард: Тоҷикистонро дӯст медорам
Sputnik Тоҷикистон
Чоршанбе Чоршанбиев размикори тоҷики бахши ҳунарҳои размии маъруф ба поп ММА, ки бо шиорҳои баҳсбарангези худ маъруф аст, ахиран бо парчами Тоҷикистон ба ринг баромад ва мардуми тоҷикро ба иттиҳод даъват кард
2021-07-04T14:35+0500
2021-07-04T14:35+0500
2021-07-04T14:35+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
иттиҳод
размикор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/04/1040634423_0:71:721:476_1920x0_80_0_0_4f29a3989918104b0d00b0afcd6f028b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Варзишкори машҳури тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев дар саҳифааш дар фейсбук аксеро бо парчами Тоҷикистон нашр кард ва даъват намуд, ки мухолифоти бемаъниро хотима диҳанд ва барои ободии ватан бикӯшанд.Чоршанбе Чоршанбиев ҳамчунин гуфт, новобаста аз кӯшиши душманон барои ҷудо кардани ин ё он минтақа, тоҷикон бояд муттаҳид бошанд ва барои ободонии ватан бикӯшанд.Ёдрас мешавем, ки Чоршанбе Чоршанбиев миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.Яке аз муҳорибаҳои деринтизори Чоршанбе ин рақобат бо Доғистонии форс Муҳаммад Ҳайбатӣ, мебошад, ки ниҳоят баъди 1,5 соли кашмакашҳо барои зӯрозмоӣ оиди ин рақобат, созиш шуд.Мунаққидон ё худ “хейтар”- ҳо мегӯянд, поп ММА бештар шоу ва масхарабозӣ аст, на варзиши касбӣ. Таъкид мекунанд, ки ҳамаи амалҳояшон ҳадафмонда ва барои ҷалби таваҷҷуҳ мебошад. Бо вуҷуд таваҷҷуҳи гуруҳи омма ба ин намуди варзиш ва махсусан муноқишаи Чоршанбиев ва Ҳайбатӣ зиёд арзёбӣ мегардад.Промоушени нав Pravda Fight Chempionship, ки арзи ҳастӣ кардаст, бевосита бо иштироки Чоршанбиев ташкил гардидааст ва муҳорибаи Чоршанбею Доғистонии форс оғози хубе барои промоушен арзёбӣ мегардад.Бар асоси иттилоияи аввалия, муҳориба тирамоҳи соли равон дар назар буда, аз рӯи қоидаҳои ММА баргузор мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/04/1040634423_0:3:721:543_1920x0_80_0_0_03e6ffbbf7204861a71d3be6c8fb1426.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чоршанбе, маҳалчигӣ, даъват, иттиҳод
чоршанбе, маҳалчигӣ, даъват, иттиҳод
Чоршанбиев аз маҳалчигӣ гуфту тоҷиконро ба иттиҳод даъват кард: Тоҷикистонро дӯст медорам
Чоршанбе Чоршанбиев размикори тоҷики бахши ҳунарҳои размии маъруф ба поп ММА, ки бо шиорҳои баҳсбарангези худ маъруф аст, ахиран бо парчами Тоҷикистон ба ринг баромад ва мардуми тоҷикро ба иттиҳод даъват кард
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Варзишкори машҳури тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев дар саҳифааш дар фейсбук аксеро бо парчами Тоҷикистон нашр кард ва даъват намуд, ки мухолифоти бемаъниро хотима диҳанд ва барои ободии ватан бикӯшанд.
"Дар ин акс шумо ман ва парчами ҷумҳурии мо Тоҷикистонро мебинед. Пас биёед бо ин акс ҳамаи ин ихтилофоти бемаънӣ ва суханони нолозимро, ки ба ҳамдигар гуфта шуданд, ба анҷом расонем. Ҳамаи ин тақсимотро ба минтақаҳо ба итмом расонем ва бо ин ман нишон додам, ки Ватани умумиамонро дӯст медорам", - навиштааст размикор.
Чоршанбе Чоршанбиев ҳамчунин гуфт, новобаста аз кӯшиши душманон барои ҷудо кардани ин ё он минтақа, тоҷикон бояд муттаҳид бошанд ва барои ободонии ватан бикӯшанд.
"Мо ҳама фарзандони як ватанем ва новобаста аз он, ки душманон ҷудоӣ ва хусумати моро мехоҳанд, мо ҳамеша муттаҳид хоҳем буд ва ҳамчун бародарон ҳамеша мекӯшем, ки ватани худро обод кунем".
Ёдрас мешавем, ки Чоршанбе Чоршанбиев миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.
Яке аз муҳорибаҳои деринтизори Чоршанбе ин рақобат бо Доғистонии форс Муҳаммад Ҳайбатӣ, мебошад, ки ниҳоят баъди 1,5 соли кашмакашҳо барои зӯрозмоӣ оиди ин рақобат, созиш шуд.
Мунаққидон ё худ “хейтар”- ҳо мегӯянд, поп ММА бештар шоу ва масхарабозӣ аст, на варзиши касбӣ. Таъкид мекунанд, ки ҳамаи амалҳояшон ҳадафмонда ва барои ҷалби таваҷҷуҳ мебошад. Бо вуҷуд таваҷҷуҳи гуруҳи омма ба ин намуди варзиш ва махсусан муноқишаи Чоршанбиев ва Ҳайбатӣ зиёд арзёбӣ мегардад.
Промоушени нав Pravda Fight Chempionship, ки арзи ҳастӣ кардаст, бевосита бо иштироки Чоршанбиев ташкил гардидааст ва муҳорибаи Чоршанбею Доғистонии форс оғози хубе барои промоушен арзёбӣ мегардад.
Бар асоси иттилоияи аввалия, муҳориба тирамоҳи соли равон дар назар буда, аз рӯи қоидаҳои ММА баргузор мегардад.