https://sputnik.tj/20210704/avrupo-istehsol-mahsulot-plastik-man-1040637838.html
Аврупо истеҳсоли маҳсулоти пластикиро комилан манъ кард
Аврупо истеҳсоли маҳсулоти пластикиро комилан манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Рӯйхати маҳсулоти пластикии манъшуда асбобу зарфҳо, чӯбчаҳо ва тамоми анвои барои рӯзгор лозима, ки аз пластик истеҳсол мешавад, дарбар мегирад
2021-07-04T18:30+0500
2021-07-04T18:30+0500
2021-07-04T18:30+0500
дар ҷаҳон
истеҳсол
аврупо
саноат
зарфҳои пластикӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/95/1029269556_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_7b1e2855566ef1733170cf49bc3812be.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Аврупо билохира истифодаи пластикҳои якдафъаинаро манъ кард, менависад Euronews.Ба иттилои манбаъ, қонуни дахлдор ҳанӯз соли 2019 қабул карда шуд.Он замон барои тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чунин ӯҳдадорӣ вогузошта шуд, ки маҳсулоти пластикиро бояд аз бозор хориҷ кунанд ва сар аз 3 июли соли 2021 истеҳсоли ин навъ маҳсулот пурра боздошта шавад.Ҳоло ба тамоми кишварҳои аврупоӣ мӯҳлат дода шуд, ки захираҳои пластикиро дар муддати як сол масраф кунанд ва пас аз ин қонун ба ҳукми иҷро медарояд.Ба ҳамин минвол, ҳоло дар Аврупо истеҳсоли тамоми намуд маҳсулот, ки аз пластик сохта мешавад, манъ мегардад. Аз ҷумла истеҳсоли пуфак, зарфу шишаҳои пластикӣ, чӯбу халтаҳо ва амсоли инҳо аз истеҳсолот бароварда мешаванд.Зикр мегардад, ки зиёда аз 80 фоизи партовҳо, ки баҳру уқёнусҳоро ифлос мекунанд, пластик ташкил медиҳад. Ин намуд партов ҳам ба баҳру ҳам ба саломатии инсон хатар эҷод мекунад.
https://sputnik.tj/20180707/1026034930.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/95/1029269556_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_33a1e5fe25740aafcf52d41b102fee3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо истеҳсол пластик
Аврупо истеҳсоли маҳсулоти пластикиро комилан манъ кард
Рӯйхати маҳсулоти пластикии манъшуда асбобу зарфҳо, чӯбчаҳо ва тамоми анвои барои рӯзгор лозима, ки аз пластик истеҳсол мешавад, дарбар мегирад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Аврупо билохира истифодаи пластикҳои якдафъаинаро манъ кард, менависад Euronews.
Ба иттилои манбаъ, қонуни дахлдор ҳанӯз соли 2019 қабул карда шуд.
Он замон барои тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чунин ӯҳдадорӣ вогузошта шуд, ки маҳсулоти пластикиро бояд аз бозор хориҷ кунанд ва сар аз 3 июли соли 2021 истеҳсоли ин навъ маҳсулот пурра боздошта шавад.
Ҳоло ба тамоми кишварҳои аврупоӣ мӯҳлат дода шуд, ки захираҳои пластикиро дар муддати як сол масраф кунанд ва пас аз ин қонун ба ҳукми иҷро медарояд.
Ба ҳамин минвол, ҳоло дар Аврупо истеҳсоли тамоми намуд маҳсулот, ки аз пластик сохта мешавад, манъ мегардад. Аз ҷумла истеҳсоли пуфак, зарфу шишаҳои пластикӣ, чӯбу халтаҳо ва амсоли инҳо аз истеҳсолот бароварда мешаванд.
Зикр мегардад, ки зиёда аз 80 фоизи партовҳо, ки баҳру уқёнусҳоро ифлос мекунанд, пластик ташкил медиҳад. Ин намуд партов ҳам ба баҳру ҳам ба саломатии инсон хатар эҷод мекунад.