https://sputnik.tj/20210703/obuhavoshinoson-selhoi-piryahi-hushdor-1040621478.html
Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳанд
Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз 3 то 6 июли соли равон дар мамлакат ҳарорати ҳаво боло меравад
2021-07-03T09:30+0500
2021-07-03T09:30+0500
2021-07-03T09:58+0500
дар тоҷикистон
сел
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040498734_0:62:1280:782_1920x0_80_0_0_fb5a4ffa4b8e8cc74fec25f00cdf127e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Аз 3 то 6 июли соли равон дар мамлакат ҳарорати ҳаво боло рафта, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Инчунин ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 3-7 июл бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Вахш пешгӯӣ мешавад.Дар ин замина Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат даъват менамояд, ки дар ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, селпарто ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза намоянд. Ҳамчунин аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.Аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040498734_139:0:1280:856_1920x0_80_0_0_cb346296aa34dbb06f36cbc83d1d1e7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел борон
Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳанд
09:30 03.07.2021 (Навсозишуда: 09:58 03.07.2021) Обуҳавошиносон эҳтимоли сар задани селро пешбинӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Аз 3 то 6 июли соли равон дар мамлакат ҳарорати ҳаво боло рафта, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 3-7 июл бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Вахш пешгӯӣ мешавад.
Дар ин замина Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат даъват менамояд, ки дар ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, селпарто ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза намоянд.
Ҳамчунин аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.