https://sputnik.tj/20210703/misoli-raisi-parlumon-charo-qadri-vakil-kosta-megardad-1040628885.html
Мисоли раиси парлумон: чаро қадри вакил коста мегардад?
Мисоли раиси парлумон: чаро қадри вакил коста мегардад?
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз он интиқод кард, ки вакилон барои ҳалли мушкилоти мардум ва арзи интихобкунандаҳояшон то охир корбарӣ намекунанд
2021-07-03T18:33+0500
2021-07-03T18:33+0500
2021-07-03T18:33+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
парлумон
маҷлиси намояндагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/69/1030896984_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_39082819c74c29346e3e65acaffbc28f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, ҳафтаи равон дар гузориши қабл аз таътили парлумон, шеваеро, ки вакилон барои расидагӣ ба мушкили мардум истифода мебаранд, камсамар хонд. Зокирзода изҳор дошт, ки вакилон дар сафарҳою мулоқотҳояшон масъалаҳои ҳалталабро шунида, чун анъана номгӯи чорабиниҳои ҳалталабро ба вазорату идораҳои дахлдор мекунанд. Баррасии муроҷиати интихобкунандагон тартиби корбарии навро тақозо менамояд, изҳор дошт раиси Маҷлиси намояндагон. Ӯ мисол овард, ки мсалан, вакил ба шаҳр ё ноҳия бо мақсади мулоқот ва дар ин замина саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти интихобкунандагон сафари корӣ анҷом медиҳад. Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки албатта, чунин ҳолатҳо ба шаъну шарафи вакилӣ ва коста гардидани эътимоди интихобкунандагон ба вакилон бетаъсир буда наметавонад.Ӯ зарур хонд, ки вакилон масъалаҳои характери иҷтимоӣ ва оммавидоштаи аз ҷониби интихобкунандагон манзуршударо дар маркази диққат қарор дода, то ёфтани ҳалли ниҳоӣ бо мақомоти дахлдор корбарӣ намоянд. Танҳо бо ин роҳ метавон обрӯю эътиборамонро ҳамчун вакил ва боварию эътимоди халқро нигоҳ дошт, таъкид намуд раиси Маҷлиси намояндагон.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/69/1030896984_221:0:2950:2047_1920x0_80_0_0_ede28bc18ace5a6182866cdac18493e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакил, парлумон, маҷлиси намояндагон
вакил, парлумон, маҷлиси намояндагон
Мисоли раиси парлумон: чаро қадри вакил коста мегардад?
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз он интиқод кард, ки вакилон барои ҳалли мушкилоти мардум ва арзи интихобкунандаҳояшон то охир корбарӣ намекунанд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, ҳафтаи равон дар гузориши қабл аз таътили парлумон, шеваеро, ки вакилон барои расидагӣ ба мушкили мардум истифода мебаранд, камсамар хонд.
Зокирзода изҳор дошт, ки вакилон дар сафарҳою мулоқотҳояшон масъалаҳои ҳалталабро шунида, чун анъана номгӯи чорабиниҳои ҳалталабро ба вазорату идораҳои дахлдор мекунанд. Баррасии муроҷиати интихобкунандагон тартиби корбарии навро тақозо менамояд, изҳор дошт раиси Маҷлиси намояндагон.
Ӯ мисол овард, ки мсалан, вакил ба шаҳр ё ноҳия бо мақсади мулоқот ва дар ин замина саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти интихобкунандагон сафари корӣ анҷом медиҳад.
“Сокинони ҳавзаи интихоботӣ бошанд, бо умед дар чорабинии вохӯрии вакилон ширкат меварзанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоташон масъалагузорӣ менамоянд. Вале баррасии масъалаҳои манзурнамудаи интихобкунандагон бо як пешниҳод ба вазорату идораҳо маҳдуд гардида, ҳалли аксар масъалаҳо бенатиҷа анҷом меёбанд”, - изҳор дошт Зокирзода дар гузоришаш.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки албатта, чунин ҳолатҳо ба шаъну шарафи вакилӣ ва коста гардидани эътимоди интихобкунандагон ба вакилон бетаъсир буда наметавонад.
Ӯ зарур хонд, ки вакилон масъалаҳои характери иҷтимоӣ ва оммавидоштаи аз ҷониби интихобкунандагон манзуршударо дар маркази диққат қарор дода, то ёфтани ҳалли ниҳоӣ бо мақомоти дахлдор корбарӣ намоянд. Танҳо бо ин роҳ метавон обрӯю эътиборамонро ҳамчун вакил ва боварию эътимоди халқро нигоҳ дошт, таъкид намуд раиси Маҷлиси намояндагон.