https://sputnik.tj/20210703/hamroh-tohirova-vakili-sssr-qahramonmodar-darguzasht-1040622369.html
То 98-солагӣ бардам: вакили СССР, қаҳрамонмодар ва шаҳрванди фахрии Хуҷанд даргузашт
То 98-солагӣ бардам: вакили СССР, қаҳрамонмодар ва шаҳрванди фахрии Хуҷанд даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Наздиконаш мегӯянд то дами марг бардаму солим буд
2021-07-03T11:25+0500
2021-07-03T11:25+0500
2021-07-03T11:31+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
хуҷанд
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101751/53/1017515311_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_d47affd06b6ea42cf40d7ec484683989.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Дар таъйиди ин хабар яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тоҳирова аз ҳеҷ беморие ранҷ намебурд ва то охирин нафас шоду болидахотир буд. Дар бораи даргузашти Тоҳирова, Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд низ таъзиянома ба нашр расонидааст. Ҳамроҳ Тоҳирова 8 марти соли 1923 таваллуд шудааст. Ӯ солҳои зиёд минҳайси роҳбар дар Коргоҳи шоҳибофии (Шеелкокомбинат) Хуҷанд кор карда, ба ин васила дар рушди иқтисоди шаҳр саҳми босазо гузоштааст. Тоҳирова соли 1965 дар анҷумани ХХIII и КПСС вакил интихоб шуда, барои меҳнатҳои шоён ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва орденҳои “Ленин” ва “Ситораи Сурх” мушараф гардидааст. Эътои ин орденҳо ба Тоҳирова, исми ин бонуи хуҷандиро дар арсаи Иттиҳоди шӯравӣ машҳур намуд. Соли 1974, дар синни 50 – солагӣ Ҳамроҳ Тоҳирова ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардидааст. Ҳамингуна ӯ аз аввалин бонувони барандаи ин унвон дар Хуҷанд шумурда мешавад.Собиқ мудири Babilon ва 43-сола: даргузашти писари Саидалӣ Маъмур баъди 6 рӯзи марги модар Онҳое, ки бо ин зани меҳнатқарини тоҷик як ҷо фаъолият бурдаанд, бештар дар бораи азму иродаи қавӣ ва фидокории ӯ ба меҳнати ҳалол таъкид меварзанд. Дар маросими ҷанозаи Тоҳирова масъулони ҳукумати Хуҷанд ширкат кардаанд. Ҷанозаи Ҳамроҳ Тоҳирова субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба “Мазори Озах” дар Хуҷанд ба хок супурда шуд.
https://sputnik.tj/20210701/ahmadzoda-didori-shahrvand-khujand-1040567271.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101751/53/1017515311_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_78f37db8ab623a8718775095ce79d574.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт
То 98-солагӣ бардам: вакили СССР, қаҳрамонмодар ва шаҳрванди фахрии Хуҷанд даргузашт
11:25 03.07.2021 (Навсозишуда: 11:31 03.07.2021) Ҳамроҳ Тоҳирова, собиқадори меҳнат ва шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд дар синни 98 – солагӣ аз дунё даргузашт
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Дар таъйиди ин хабар яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тоҳирова аз ҳеҷ беморие ранҷ намебурд ва то охирин нафас шоду болидахотир буд.
“На аз илтиҳоби шуш ва на аз бемориҳои иншабурӯзӣ шикоят намекарданд, балки то дақиқаҳои охири ҳаёт солиму бардам буданд. Дишаб умрашон ба поён расид, яъне ҷон ба Ҳақ таслим намуданд”, -гуфт манбаъ.
Дар бораи даргузашти Тоҳирова, Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд низ таъзиянома ба нашр расонидааст.
Ҳамроҳ Тоҳирова 8 марти соли 1923 таваллуд шудааст. Ӯ солҳои зиёд минҳайси роҳбар дар Коргоҳи шоҳибофии (Шеелкокомбинат) Хуҷанд кор карда, ба ин васила дар рушди иқтисоди шаҳр саҳми босазо гузоштааст.
Тоҳирова соли 1965 дар анҷумани ХХIII и КПСС вакил интихоб шуда, барои меҳнатҳои шоён ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва орденҳои “Ленин” ва “Ситораи Сурх” мушараф гардидааст.
Эътои ин орденҳо ба Тоҳирова, исми ин бонуи хуҷандиро дар арсаи Иттиҳоди шӯравӣ машҳур намуд. Соли 1974, дар синни 50 – солагӣ Ҳамроҳ Тоҳирова ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардидааст.
Ҳамингуна ӯ аз аввалин бонувони барандаи ин унвон дар Хуҷанд шумурда мешавад.
Онҳое, ки бо ин зани меҳнатқарини тоҷик як ҷо фаъолият бурдаанд, бештар дар бораи азму иродаи қавӣ ва фидокории ӯ ба меҳнати ҳалол таъкид меварзанд.
Дар маросими ҷанозаи Тоҳирова масъулони ҳукумати Хуҷанд ширкат кардаанд. Ҷанозаи Ҳамроҳ Тоҳирова субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба “Мазори Озах” дар Хуҷанд ба хок супурда шуд.