https://sputnik.tj/20210702/tashkil-guruhho-mahsus-peshgiri-pahnshavi-koronavirus-1040594296.html
Натарсед, коронавирус табобатшаванда аст: ташкили гуруҳҳои пешгирӣ аз COVID -19 дар Хуҷанд
Натарсед, коронавирус табобатшаванда аст: ташкили гуруҳҳои пешгирӣ аз COVID -19 дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID -19 гуруҳҳои махсус ташкил карда шудаанд
2021-07-02T14:58+0500
2021-07-02T14:58+0500
2021-07-07T17:51+0500
дар тоҷикистон
раис
тандурустӣ
суғд
хуҷанд
гуруҳи корӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/34/1027603463_0:59:2943:1714_1920x0_80_0_0_e54e18cd9de844e3dd138c95613021e4.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Гуруҳҳои махсус дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд барои гирифтани пеши роҳи коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро мегузаронанд. Тибқи иттилои котиботи раиси шуҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзод, ки роҳбарии Ситоди шаҳрӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 - ро низ ба уҳда дорад, бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии мазкур, гуруҳҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни шаҳр барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сафарбар гардиданд. Ба иттилои манбаъ, таъкид шуд, ки бемории мазкур табобатшаванда аст ва пизишкони кишвар бо истифода аз имконияту дониши худ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати беморон қарор доранд.Котиботи шаҳрдорӣ афзуд, ки вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд зери назорати қатъии Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор гирифта, аъзои ситод ҷиҳати пешгирӣ ва корҳои фаҳмондиҳӣ як қатор чорабиниҳоро пиёда намуда истодааст. Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то то шоми 1 июл дар ҷумҳурӣ 13 523 нафар гирифтори ин беморӣ шуда, 13 318 кас шифо ёфтаанду бархе ҳанӯз табобат гирифта истодаанд. Теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз аввали соли равон бетағйир монда, ҳамоно 90 нафар арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210701/rekordi-marg-koronavirus-rusiya-1040564830.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/34/1027603463_146:0:2761:1961_1920x0_80_0_0_d5637cca5adf8e41f2a96f020130205b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, ҷилавгирӣ, хуҷанд
тоҷикистон, коронавирус, ҷилавгирӣ, хуҷанд
Натарсед, коронавирус табобатшаванда аст: ташкили гуруҳҳои пешгирӣ аз COVID -19 дар Хуҷанд
14:58 02.07.2021 (Навсозишуда: 17:51 07.07.2021) Дар шимоли Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID -19 гуруҳҳои махсус ташкил карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Гуруҳҳои махсус дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд барои гирифтани пеши роҳи коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро мегузаронанд.
Тибқи иттилои котиботи раиси шуҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзод, ки роҳбарии Ситоди шаҳрӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 - ро низ ба уҳда дорад, бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии мазкур, гуруҳҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни шаҳр барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сафарбар гардиданд.
"Гуруҳи корӣ дар мавзеъҳои серодам, аз ҷумла дар бозори марказии “Панҷшанбе” варақаҳои таблиғотиро тақсим карда, аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки дар ин рӯзҳои мушкил ба таҳлукаву тарс дода нашаванд, балки бо риоияи гигиенаи шахсӣ саҳме дар рафъи ин беморӣ гузоранд", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои манбаъ, таъкид шуд, ки бемории мазкур табобатшаванда аст ва пизишкони кишвар бо истифода аз имконияту дониши худ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати беморон қарор доранд.
Котиботи шаҳрдорӣ афзуд, ки вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд зери назорати қатъии Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор гирифта, аъзои ситод ҷиҳати пешгирӣ ва корҳои фаҳмондиҳӣ як қатор чорабиниҳоро пиёда намуда истодааст.
Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то то шоми 1 июл дар ҷумҳурӣ 13 523 нафар гирифтори ин беморӣ шуда, 13 318 кас шифо ёфтаанду бархе ҳанӯз табобат гирифта истодаанд. Теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз аввали соли равон бетағйир монда, ҳамоно 90 нафар арзёбӣ мешавад.