https://sputnik.tj/20210702/oghoz-pardoht-jubron-mizojon-agroinvestbonk-1040591153.html
Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони “Агроинвестбонк” - и барҳамхӯрда
Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони “Агроинвестбонк” - и барҳамхӯрда
Sputnik Тоҷикистон
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ дод, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони “Агроинвестбонк” оғоз шуд
2021-07-02T13:43+0500
2021-07-02T13:43+0500
2021-07-02T13:43+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
агроинвестбонк
пардохт
пул
хазина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101334/72/1013347220_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_66c595e2d7c324e5c2d0ab2e5fddb525.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мегӯяд, пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи “Агроинвестбонк” аз 2 июли соли 2021 оғоз мегардад.Таъкид шудааст, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” тавассути бонк-агент “Амонатбонк” амалӣ карда мешавад.Манбаъ афзуд, ки пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.Хазина тавзеҳ дод, ки маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад. “Агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсуси ташкилоти қарзӣ пардохт хоҳад шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101334/72/1013347220_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_8b92ae8ae5a128c3647cb50d624d8a06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мизоҷ, барҳам, агроинвестбонк
мизоҷ, барҳам, агроинвестбонк
Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони “Агроинвестбонк” - и барҳамхӯрда
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ дод, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони “Агроинвестбонк” оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мегӯяд, пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи “Агроинвестбонк” аз 2 июли соли 2021 оғоз мегардад.
Таъкид шудааст, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” тавассути бонк-агент “Амонатбонк” амалӣ карда мешавад.
“Пасандоздорон ё намояндагони қонунии онҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ метавонанд ба филиалҳои “Амонатбонк”, вобаста аз минтақаи ҷойгиршавии пасандоздорон муроҷиат намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.
Хазина тавзеҳ дод, ки маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад.
“Агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсуси ташкилоти қарзӣ пардохт хоҳад шуд.