https://sputnik.tj/20210702/marakai-imtihonsupori-dar-tojikiston-video-1040600163.html
Оғози маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Тоҷикистон - видео
Оғози маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 оғоз гардид
2021-07-02T17:18+0500
2021-07-02T17:18+0500
2021-07-02T20:25+0500
видео
дар тоҷикистон
маориф
маркази миллии тестӣ
дохилшавӣ
довталабон
супоридани имтиҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040597696_0:0:640:360_1920x0_80_0_0_3f75a6d2b40d50bf8f816d89a158bc99.jpg
Маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1 март то 30 апрели соли равон шумораи номнависшудагон 103429 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи зикргардида 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо –дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталаб бояд бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист: шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, даъватнома, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ ниқоби тиббӣ.Ҳамчунин овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).Раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо то 20 июли соли равон муайян карда мешавад.
https://sputnik.tj/20200707/Imtihonsupor-dar-zamoni-koronavirus-MMT-sanai-eloni-khol-va-balhoro-elon-kard-1031532195.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар кишвар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз шуд
2021-07-02T17:18+0500
true
PT1M06S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040597696_80:0:560:360_1920x0_80_0_0_3a366ece2f4c5a9b7184890449b617bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, имтиҳонсупорӣ, тест, мактаб, довталабон
тоҷикистон, имтиҳонсупорӣ, тест, мактаб, довталабон
Оғози маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Тоҷикистон - видео
17:18 02.07.2021 (Навсозишуда: 20:25 02.07.2021) Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 оғоз гардид
Маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1 март то 30 апрели соли равон шумораи номнависшудагон 103429 нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи зикргардида 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо –дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталаб бояд бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист: шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, даъватнома, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ ниқоби тиббӣ.
Ҳамчунин овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
Раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо то 20 июли соли равон муайян карда мешавад.