https://sputnik.tj/20210702/khf-az-havfi-selhoi-piryahi-hushdor-medihad-1040595013.html
КҲФ аз хавфи селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳад
КҲФ аз хавфи селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз фаромадани селҳои пиряхӣ ҳушдор додааст
2021-07-02T15:16+0500
2021-07-02T15:16+0500
2021-07-02T15:16+0500
кҳф
ҳодисаи табиӣ
пирях
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/06/1015710629_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_052a4332e2aa5fa73014a154c90f149e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин ниҳод дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 6 июли соли 2021 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селпартовҳо ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза кунанд, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар дар қитъаҳои ба хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20210702/garmo-shadid-peshguii-havoshinoson-tojik-iul-1040583401.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/06/1015710629_196:0:2803:1955_1920x0_80_0_0_c80d9c0cff40826f9a2e1a9b46e22706.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф хавф селҳои пиряхӣ ҳушдор
кҳф хавф селҳои пиряхӣ ҳушдор
КҲФ аз хавфи селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз фаромадани селҳои пиряхӣ ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин ниҳод дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 6 июли соли 2021 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селпартовҳо ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза кунанд, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар дар қитъаҳои ба хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.