Ҳабси ҷавоне, ки худро “муфаттиш” гуфту пули хӯроки дар тарабхона хӯрдаашро надод-видео

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Як сокини ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе хуб хӯроки шом хӯрдаву худро "муфаттиш" муаррифӣ карда, барои хӯрокхӯрӣ пардохт накардааст
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он як ҷавони тақрибан 25-30 сола инъикос ёфта, тибқи иттилои муаллифи навор қаҳрамони навор дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт ба маблағи 700 сомонӣ хӯроки шом ва машрубот хӯрдаву худро “муфаттиши РВКД дар шаҳри Душанбе” муаррифӣ намуда маблағро пардохт накарда рафтааст.
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба таҳқиқи ҳолати мазкур бо супориши бевоситаи роҳбарияти Раёсат ҷавони дар навор инъикосёфта муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд, ки номбурда дар асл муфаттиш набуда, қаллобе беш нест.
"Дар натиҷа муайян гардид, ки номбурда шаҳрванд Рустамов Тоҷиддин Бозоровичи 32 - сола, сокини деҳаи Лангарии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад", - афзудааст манбаъ.
Зимни пурсиш боздоштшуда тасдиқ намудааст, ки санаи 27-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 22:30 дақиқа ба маркази дилхушии "Зебои меҳр" рафта, бар замми напардохтани маблағи хурока ва машруботи истеъмол кардааш, ҳамзамон бо соҳибмулки маркази дилхушӣ муноқиша ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
Известный таджикский репер Навруз Валиев по с псевдонимом “Navik-MC” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Ҳабси репсарои шинохта “Navik-MC” барои майдаавбошӣ - видео
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, номбурда ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
РВКД мегӯяд, айни ҳол ҷиҳати муайян намудани дигар ҳолатҳои аз ҷониби номбурда содир гардидани кирдорҳои ғайриқонунӣ чорабиниҳои оперативӣ ҷараён дорад
Лентаи хабарҳо
0