https://sputnik.tj/20210702/habs-pulchinak-daghali-musofirfaror-roh-video-1040609259.html
Ҳабси пулчинак барои дағалию мусофирфарорӣ дар ними роҳ - видео
Ҳабси пулчинак барои дағалию мусофирфарорӣ дар ними роҳ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси пулчинаке хабар дод, ки мусофирон аз дағалгуфторияш шикоят карда буданд
2021-07-02T21:14+0500
2021-07-02T21:14+0500
2021-07-02T21:14+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
санҷиш
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/10/1031581320_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_fa43b33656bf988fa700cd880c5c8926.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Як гурӯҳ шаҳрвандон, мусофирони хатсайри рақами 55, пештара №33 бо як навор хостори чораандешӣ алайҳи пулчинаки мусофирбаре шуданд, ки ба иддаои онҳо дағалӣ карда буд. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Душанбе, пулчинак мусофиронро дар нимаи роҳ аз автомашина фароварда, то охири хатсайр набурдааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки ҷавони дар навор инъикосёфта Одинаев Аъзам, истиқоматкунандаи 27-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будаст, ки ба идораи милиса дастрас шуд, хабар дод РВУД Душанбе. “Зимни таҳқиқи ҳодиса маълум гардид, ки номбурда санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар назди маркази савдои “Садбарг” аз дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии хатсайри №55 бе сабабҳои узрнок мусофиронро фароварда, ҳамзамон бо суханони дағал нисбати мардум ва ҷомеа бадрафторӣ намудааст”, - омадааст дар иттилоия. Манбаъ афзуд, ки нисбати Одинаев барои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ бар асоси банди майдаавбошии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад парванда тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/10/1031581320_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_427359f38260748002b0117b1820feee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати умури дохилӣ, шаҳрванд, хатсайр, навор, пулчинак
вазорати умури дохилӣ, шаҳрванд, хатсайр, навор, пулчинак
Ҳабси пулчинак барои дағалию мусофирфарорӣ дар ними роҳ - видео
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси пулчинаке хабар дод, ки мусофирон аз дағалгуфторияш шикоят карда буданд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Як гурӯҳ шаҳрвандон, мусофирони хатсайри рақами 55, пештара №33 бо як навор хостори чораандешӣ алайҳи пулчинаки мусофирбаре шуданд, ки ба иддаои онҳо дағалӣ карда буд.
Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Душанбе, пулчинак мусофиронро дар нимаи роҳ аз автомашина фароварда, то охири хатсайр набурдааст.
Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки ҷавони дар навор инъикосёфта Одинаев Аъзам, истиқоматкунандаи 27-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будаст, ки ба идораи милиса дастрас шуд, хабар дод РВУД Душанбе.
“Зимни таҳқиқи ҳодиса маълум гардид, ки номбурда санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар назди маркази савдои “Садбарг” аз дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии хатсайри №55 бе сабабҳои узрнок мусофиронро фароварда, ҳамзамон бо суханони дағал нисбати мардум ва ҷомеа бадрафторӣ намудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки нисбати Одинаев барои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ бар асоси банди майдаавбошии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад парванда тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид.