Беҳтарин муштзанҳои соли 2021 дар Тоҷикистон муайян шуданд

© Национальный олимпийский комитет РТЖенский бой чемпионата Азии по боксу
Женский бой чемпионата Азии по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Бо ҳамин Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба бокс муайян шуданд, гузориш медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба бокс баргузор шуд.
Олимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Варзишгаре, ки танҳо як сол Тоҷикистонро намояндагӣ кард, роҳхат ба Бозиҳои Токио гирифт
Мусобиқаи мазкур аз рӯи 20 вазн (10 вазн миёни мардҳо, 10 вазн миёни бонувон) баргузор шуда, дар он 128 нафар (78 мард, 50 зан) дар ҳайати 8 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, ВМКБ ва ШНТМ ширкат карданд.
Миёни бонувон дар 5 вазн варзишгарони дастаи Хатлон-2, дар 5 вазни дигар намояндагони шаҳри Душанбе ғолиб шуданд. Миёни мардҳо дар 6 вазн варзишгарони шаҳри Душанбе, дар яквазнӣ варзишгарони ВМКБ, Суғд, Хатлон-2 ва ШНТМ пирӯз гардиданд.
Бо ҳамин Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 аз 21 май то 30 июн доир шуда, ба барномаи он 15 намуди варзиш ворид шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0