https://sputnik.tj/20210701/tolibon-zodgoh-sulh-tojikon-zabt-1040555337.html
Толибон “зодгоҳ”-и сулҳи тоҷиконро забт карданд
Толибон “зодгоҳ”-и сулҳи тоҷиконро забт карданд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои ҳаракати Толибон (мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон) минтақаи Чамани Хусдеҳ дар вилояти Тахори Афғонистонро забт карданд
2021-07-01T09:03+0500
2021-07-01T09:03+0500
2021-07-01T09:03+0500
афғонистон
тахор
гурӯҳи террористии "толибон"
маданият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/67/1028656718_0:0:3351:1885_1920x0_80_0_0_bee6797c873a70f3af63dc5725db6a9a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Муҳибуллоҳ Нурӣ, яке аз раҳбарони низомиву сиёсие, ки ҳоло дар маҳалли даргириҳо қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Чамани Хусдеҳ се рӯзи пеш аз сӯи Толибон забт шуда буд. Хусдеҳ як деҳае дар вулусволии Фархори вилояти Тахори Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ пойгоҳи муҳимтарини неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳид, ба истилоҳи дигар, Эътилофи Шимоли таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб мерафт. Чамани Хусдеҳ як ҷойи хушобу ҳаво буда, дар канори ин деҳа ҷойгир аст ва дар гузашта тафреҳгоҳи шоҳони Афғонистон будааст. Аммо Хусдеҳ дар таърихи Тоҷикистон як макони таърихиест, ки 10 - 11 декабри соли 1996 мизбони мулоқоти сеюми роҳбарони ҳукумату мухолифини тоҷик буд. Дар анҷоми ин мулоқот ҷонибҳои тоҷикӣ як изҳороти муштарак пахш карданд ва протокол "Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат” – ро ба имзо расонданд. Ин мулоқот, ки бо ибтикори Бурҳонуддини Раббонӣ, президент ва Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи вақти Давлати исломии Афғонистон, баргузор шуда буд, як нуқтаи гардишӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон арзёбӣ мешавад, зеро пас аз он шиддати ҷангҳо дар дохили Тоҷикистону сарҳадаш бо Афғонистон бамаротиб поён омад ва роҳ ба сӯи сулҳ кушода шуд. Тайи як моҳи ахир Толибон аз 16 13 вулусволии вилояти Тахорро забт карданд. Се вулусволии дигар – Фархор, Варсач ва Калафгон, ҳамчунин шаҳри Толиқон – маркази вилоят ҳанӯз дар ихтиёри ҳукумати Афғонистон аст.
https://sputnik.tj/20201224/Rafiqi-ruzhoi-sakht-Emomali-Rahmon-va-mehmondori-Ahmadsho-Masud-1032514483.html
афғонистон
тахор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/67/1028656718_622:0:3351:2047_1920x0_80_0_0_cf66db5913be919ebce602fdfc110a40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон “зодгоҳ” сулҳи тоҷикон забт карданд
толибон “зодгоҳ” сулҳи тоҷикон забт карданд
Толибон “зодгоҳ”-и сулҳи тоҷиконро забт карданд
Нерӯҳои ҳаракати Толибон (мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон) минтақаи Чамани Хусдеҳ дар вилояти Тахори Афғонистонро забт карданд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Муҳибуллоҳ Нурӣ, яке аз раҳбарони низомиву сиёсие, ки ҳоло дар маҳалли даргириҳо қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Чамани Хусдеҳ се рӯзи пеш аз сӯи Толибон забт шуда буд.
“Дар пайи талоши нерӯҳои ҳукуматӣ ва муҷоҳидини маҳал он дигарбора ба тасарруфи мо даромад, аммо дирӯз онҳо дигарбора таарруз карданд ва Чамани Хусдеҳ бо Санги Оташу дигар манотиқро дигарбора забт карданд. Ҳоло мо барои озод кардани ин манотиқ барнома гирифтаем ва бо кӯмаки нерӯҳои ҳавоӣ бо Толибон даргир ҳастем”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Хусдеҳ як деҳае дар вулусволии Фархори вилояти Тахори Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ пойгоҳи муҳимтарини неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳид, ба истилоҳи дигар, Эътилофи Шимоли таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб мерафт.
Чамани Хусдеҳ як ҷойи хушобу ҳаво буда, дар канори ин деҳа ҷойгир аст ва дар гузашта тафреҳгоҳи шоҳони Афғонистон будааст.
Аммо Хусдеҳ дар таърихи Тоҷикистон як макони таърихиест, ки 10 - 11 декабри соли 1996 мизбони мулоқоти сеюми роҳбарони ҳукумату мухолифини тоҷик буд. Дар анҷоми ин мулоқот ҷонибҳои тоҷикӣ як изҳороти муштарак пахш карданд ва протокол "Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат” – ро ба имзо расонданд.
Ин мулоқот, ки бо ибтикори Бурҳонуддини Раббонӣ, президент ва Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи вақти Давлати исломии Афғонистон, баргузор шуда буд, як нуқтаи гардишӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон арзёбӣ мешавад, зеро пас аз он шиддати ҷангҳо дар дохили Тоҷикистону сарҳадаш бо Афғонистон бамаротиб поён омад ва роҳ ба сӯи сулҳ кушода шуд.
Тайи як моҳи ахир Толибон аз 16 13 вулусволии вилояти Тахорро забт карданд. Се вулусволии дигар – Фархор, Варсач ва Калафгон, ҳамчунин шаҳри Толиқон – маркази вилоят ҳанӯз дар ихтиёри ҳукумати Афғонистон аст.