https://sputnik.tj/20210701/karzay-mamuriyat-nato-afghoniston-shikasti-nizomi-1040562931.html
Карзай: маъмурияти бист солаи НАТО дар Афғонистон ба як шикасти низомӣ табдил шуд
Карзай: маъмурияти бист солаи НАТО дар Афғонистон ба як шикасти низомӣ табдил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, Иёлати Муттаҳида, ки барои мубориза бо ифротгарои ва эҷоди субит ба Афғонистон омада буд, баъд аз тақрибан 20 сол дар расидан ба ҳар ду ҳадафаш шикаст хурд
2021-07-01T14:15+0500
2021-07-01T14:15+0500
2021-07-01T14:15+0500
амрико
афғонистон
нато
шикаст
осиёи марказӣ
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/47/1013324756_0:61:2739:1602_1920x0_80_0_0_4cdb948413896632f9618abc6fd6cf4d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Таймс” изҳор доштааст, ки маъмурияти НАТО ва Амрико дар Афғонистон ба як шикасти низомӣ табдил шудааст, зеро ифротгароӣ ва терроризм решакан карда нашудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Вай хотирнишон кард, ки НАТО ва нерӯҳои амрикоӣ бояд “нақши пойдор” дар вазъияти кишвар медоштанд, на инки ба рустоҳо болои мардум, манозили мардум бомборон кунанд ва хонаводаҳоро бикушанд."Мо бо унвони афғон ҳама шикасти худро медонем, аммо нерӯҳо ва қудратҳои бузург, ки ба манзури мубориза бо ифротгароӣ омаданд чӣ? Акнун онҳо моро куҷо тарк мекунанд? Дар камоли расвоӣ ва фоҷеъа”, - илова кард Карзай.Пентагон чанде пеш ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ҳатман маънои хатми амалиёти НАТО дар Афғонистонро надорад, новобаста аз қарори НАТО дар бораи коҳиши нерӯҳояш, ки дар моҳи апрел гирифта шуд.Президенти Амрико ваъда дода буд, ки қабл аз 11-уми сентябр нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад.Ҳамзамон, як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико ба CNN гуфт, ки тақрибан 1000 сарбози амрикоӣ пас аз хуруҷи расмӣ дар Кобул ва фурудгоҳи шаҳр боқӣ монда, ба амнияти сафорати ИМА кӯмак хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210623/karzay-rusiya-naqshi-muhim-tamin-sulh-afghoniston-1040398493.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/47/1013324756_5:0:2672:2000_1920x0_80_0_0_9b7cb828c37d44d5df9809662a63a7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, маъмурият, амрико, нато, шикасти низомӣ
афғонистон, маъмурият, амрико, нато, шикасти низомӣ
Карзай: маъмурияти бист солаи НАТО дар Афғонистон ба як шикасти низомӣ табдил шуд
Раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, Иёлати Муттаҳида, ки барои мубориза бо ифротгарои ва эҷоди субит ба Афғонистон омада буд, баъд аз тақрибан 20 сол дар расидан ба ҳар ду ҳадафаш шикаст хурд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Таймс” изҳор доштааст, ки маъмурияти НАТО ва Амрико дар Афғонистон ба як шикасти низомӣ табдил шудааст, зеро ифротгароӣ ва терроризм решакан карда нашудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Кишвар дар даргирӣ қарор дорад, мардуми Афғонистон дарди зиёдро мекашанд. Чӣ гуна муборизаи НАТО ва ИМА дар Афғонистон мунҷар ба ин шуд? Касоне, ки 20 сол пеш барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ба ин ҷо омада буданд, на танҳо натавонистанд онро шикаст диҳанд, балки шукуфоӣ шуд. Ман инро як шикасти низоми меномам", - гуфт Карзай.
Вай хотирнишон кард, ки НАТО ва нерӯҳои амрикоӣ бояд “нақши пойдор” дар вазъияти кишвар медоштанд, на инки ба рустоҳо болои мардум, манозили мардум бомборон кунанд ва хонаводаҳоро бикушанд.
"Мо бо унвони афғон ҳама шикасти худро медонем, аммо нерӯҳо ва қудратҳои бузург, ки ба манзури мубориза бо ифротгароӣ омаданд чӣ? Акнун онҳо моро куҷо тарк мекунанд? Дар камоли расвоӣ ва фоҷеъа”, - илова кард Карзай.
Вай афзуд, ки бидуни онҳо вазъи Афғнистон беҳтар мебуд. Ман фикр мекунам, ки мо бояд аз кишвари худ дифоъ кунем ва ба зиндагии худ назар андозем. Мо намехоҳем бо бадбахтӣ дучор шавем. Ин барои Афғонистон беҳтар аст, ки онҳо бираванд.
Пентагон чанде пеш ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ҳатман маънои хатми амалиёти НАТО дар Афғонистонро надорад, новобаста аз қарори НАТО дар бораи коҳиши нерӯҳояш, ки дар моҳи апрел гирифта шуд.
Президенти Амрико ваъда дода буд, ки қабл аз 11-уми сентябр нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад.
Ҳамзамон, як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико ба CNN гуфт, ки тақрибан 1000 сарбози амрикоӣ пас аз хуруҷи расмӣ дар Кобул ва фурудгоҳи шаҳр боқӣ монда, ба амнияти сафорати ИМА кӯмак хоҳад кард.