Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Бидуни марг: нашри омори нави беморони коронавирус дар Тоҷикистон

© Пресс-служба ЦВОВ Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса
В Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди гирифторони вируси корона хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи гузашта бештар аст.
Дирӯз, Вазорати тандурустӣ аз бемор шудани 21 нафар хабар дода буд.
Аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то кунун дар кишвар 13 523 нафар гирифтори ин вабои аср шудааст.
Вазорати тандурустӣ изҳор доштааст, ки пас аз авҷи дигарбораи беморӣ дар Тоҷикистон, ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти пизишки номии тоҷик Фарида Мансурова аз COVID-19
Дар ҳоле ки расонаҳо танҳо имрӯз аз даргузашти ду тан - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов (ки дар маросими дафнаш мошини Ёри таъҷилӣ ва табибон бо либоси махсус ҳузур доштанд) ва Фарида Мансурова, пизишки номии тоҷик хабар медиҳанд.
Давоми 24 соат 16 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон аз аввали қайди COVID - 19 дар кишвар то кунун ба 13 318 кас баробар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ёрии таъҷилӣ ва табибон бо либоси махсус: гузориш аз маросими видоъ бо Убайдулло Раҷабов
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0