https://sputnik.tj/20210630/vazir-tandurusti-shikoyati-mardumro-meshunavad-1040544722.html
Бо дастури Раҳмон: вазири тандурустӣ шикояти мардумро мешунавад
Бо дастури Раҳмон: вазири тандурустӣ шикояти мардумро мешунавад
Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ва сешанбе метавонанд, ба назди вазири тандурустии Тоҷикистон рафта, мушкилоташонро арз кунанд
2021-06-30T17:15+0500
2021-06-30T17:15+0500
2021-06-30T17:15+0500
иҷтимоъ
тандурустӣ
шикоят
вазорати тандурустӣ
муроҷиат
ҷамолиддин абдуллозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040544354_15:0:664:365_1920x0_80_0_0_8cd117c6a5da55f44a3bba8b4c1f31ad.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Вазорати танудустии Тоҷикистон аз рӯзҳои қабули мардум аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар медиҳад.Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва сешанбе мардум метавонанд, мушкилашонро пеши вазир арз кунанд.Манбаъ афзуда, ки яке аз чунин вохӯриҳо рӯзи 29 июн баргузор шудааст.Гуфта мешавад, ки Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишвар, ки бо масъалаҳои гуногун омада буданд, қабул намуда, бо онҳо озод ва ошкоро суҳбат кард.Манбаъ мегӯяд, вазир муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040544354_96:0:583:365_1920x0_80_0_0_aa820e63364702a65da43a59c1080f1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазири тандурустӣ, вазорати тандурустӣ, вазир, муроҷиат
вазири тандурустӣ, вазорати тандурустӣ, вазир, муроҷиат
Бо дастури Раҳмон: вазири тандурустӣ шикояти мардумро мешунавад
Мардуми Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ва сешанбе метавонанд, ба назди вазири тандурустии Тоҷикистон рафта, мушкилоташонро арз кунанд
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Вазорати танудустии Тоҷикистон аз рӯзҳои қабули мардум аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва сешанбе мардум метавонанд, мушкилашонро пеши вазир арз кунанд.
"Дар асоси дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016 ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар Вазорати тандурустӣ рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат баргузор мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки яке аз чунин вохӯриҳо рӯзи 29 июн баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, ки Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишвар, ки бо масъалаҳои гуногун омада буданд, қабул намуда, бо онҳо озод ва ошкоро суҳбат кард.
Манбаъ мегӯяд, вазир муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.