https://sputnik.tj/20210630/tafsiloti-silsiladuzdiho-serzhant-saidov-zindon-1040537478.html
Тафсилоти силсиладуздиҳову зӯроварии сержант Саидов: 22 сол равонаи зиндон шуд
Тафсилоти силсиладуздиҳову зӯроварии сержант Саидов: 22 сол равонаи зиндон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Саидов Исматуллоро дар силсиладуздиҳо - ғорати мағозаву хона ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ муттаҳам мешавад
2021-06-30T14:09+0500
2021-06-30T14:09+0500
2021-08-10T14:43+0500
дуздӣ
зиндон
сержант
эъломи ҳукм
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/52/1030185273_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_dfc2a1cccef69c1657f5a8202d731efb.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн— Sputnik. Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе хизматчии ҳарбӣ Саидов Исматуллоро ба муҳлати 22 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт ҷазо таъйин карда шудааст.Тибқи иттилои котиботи Додситонии кулли Тоҷикистон, Саидов Исматулло бо моддаҳои 195 қисми 2 банди “а” (ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаҳои таркиш), 249 қисми 4 бандҳои “б, в” (Роҳзанӣ), 244 қисми 2 бандҳои “а, б, в, г” (Дуздӣ) ва 165 қисми 4 банди “б” (Ҷалби ноболиғон ба содир кардани ҷиноят) КҶ Ҷумҳурии Точикистон гунаҳгор дониста шудаастБа иттилои манбаъ, хизматчии ҳарбӣ, сержанта хурд Саидов Исматулло соли 2018 аз тарафи комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар қисми низомие воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ хизмат мекард.Гуфта мешавад ӯ, дар рафти адои хизмати ҳарбӣ 01-декабри соли 2019 тахминан соатҳои 02:20 дақиқа тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Набиев Комилҷон ва Муртазоев Ҷамшед ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Ғайрат-82”, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ, ғайриқонунӣ вориди бинои корхона шуда, бо зарбу лати хазинадор аз он ҷой 26820 сомониро мегиранд.Ҳамзамон ӯ такроран, тахминан моҳи феврали соли 2020 соатҳои 01:20 дақиқаи шаб тибқи маслиҳати пешакӣ бо Набиев К. А. дар руй ниқобу дар даст калтак вориди хонаи як сокини ноҳияи Шаҳринав шуда, ҳамсари ӯро тахдид намуда, аз ӯ маблағи пулӣ ва тилловорӣ талаб карда, бо мақсади дарёфти маблағҳои пулӣ ва ҷавоҳирот хонаро кофтуков кардаанд, вале аз ҳолатҳои ба иродаи онҳо вобастанабуда ба қасди тарҳрезӣ шудаашон ноил нагаштаанд.Ӯ боз такроран, аввали моҳи марти соли гузашта, ноболиғ Холиқов Баҳриддин, бо ваъдаи дарёфти маблағҳои пулӣ барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ҷалб карда, пешакӣ маслиҳат намуданд, ки ба нуқтаи фурӯши сузишворӣ ҳуҷум карда маблағи пулӣ ба даст меоранд. Манбаъ мегӯяд, Саидов бо мақсади ба тарсу ҳарос овардани кормандони нуқтаи фуруши сузишворӣ ва осон гардонидани содирнамоии ҷиноят, объекта худсохтро намоишкорона даргиронда ба дохили мағоза партофтааст, ки дар натиҷа таркиш ба амал меояд ва ӯ вориди мағоза шуда бо чӯбдаст муҳофизи маконро зада, аз хазинаи нуқтаи мазкур 1490-сомониро гирифтаю фирор мекунад.Номбурда ғайр аз ин бо ду ноболиғи дигар қулфҳои дари даромади мағозаи хӯроквории “Ниёгон” воқеъ дар шаҳри Хисорро шикаста, ба маблағи 2762 сомонӣ маҳсулот дуздидааст. Саидов Исматулло дар ниҳоят боздошт ва бо чор моддаи Кодекси ҷиноии кишвар айбдор дониста шуда, ба муҳлати 22 сол равонаи зиндони низомаш шадид мешавад.
https://sputnik.tj/20210629/dodgoh-hukm-hizmatchi-harbi-elon-1040517878.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/52/1030185273_43:0:1463:1065_1920x0_80_0_0_f894fd99dd0077431baae901d156d4b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот силсиладуздӣ зӯроварӣ сержант саидов зиндон шуд
тафсилот силсиладуздӣ зӯроварӣ сержант саидов зиндон шуд
Тафсилоти силсиладуздиҳову зӯроварии сержант Саидов: 22 сол равонаи зиндон шуд
14:09 30.06.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Саидов Исматуллоро дар силсиладуздиҳо - ғорати мағозаву хона ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 30 июн— Sputnik. Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе хизматчии ҳарбӣ Саидов Исматуллоро ба муҳлати 22 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт ҷазо таъйин карда шудааст.
Тибқи иттилои котиботи Додситонии кулли Тоҷикистон, Саидов Исматулло бо моддаҳои 195 қисми 2 банди “а” (ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаҳои таркиш), 249 қисми 4 бандҳои “б, в” (Роҳзанӣ), 244 қисми 2 бандҳои “а, б, в, г” (Дуздӣ) ва 165 қисми 4 банди “б” (Ҷалби ноболиғон ба содир кардани ҷиноят) КҶ Ҷумҳурии Точикистон гунаҳгор дониста шудааст
Ба иттилои манбаъ, хизматчии ҳарбӣ, сержанта хурд Саидов Исматулло соли 2018 аз тарафи комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар қисми низомие воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ хизмат мекард.
Гуфта мешавад ӯ, дар рафти адои хизмати ҳарбӣ 01-декабри соли 2019 тахминан соатҳои 02:20 дақиқа тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Набиев Комилҷон ва Муртазоев Ҷамшед ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Ғайрат-82”, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ, ғайриқонунӣ вориди бинои корхона шуда, бо зарбу лати хазинадор аз он ҷой 26820 сомониро мегиранд.
Ҳамзамон ӯ такроран, тахминан моҳи феврали соли 2020 соатҳои 01:20 дақиқаи шаб тибқи маслиҳати пешакӣ бо Набиев К. А. дар руй ниқобу дар даст калтак вориди хонаи як сокини ноҳияи Шаҳринав шуда, ҳамсари ӯро тахдид намуда, аз ӯ маблағи пулӣ ва тилловорӣ талаб карда, бо мақсади дарёфти маблағҳои пулӣ ва ҷавоҳирот хонаро кофтуков кардаанд, вале аз ҳолатҳои ба иродаи онҳо вобастанабуда ба қасди тарҳрезӣ шудаашон ноил нагаштаанд.
Ӯ боз такроран, аввали моҳи марти соли гузашта, ноболиғ Холиқов Баҳриддин, бо ваъдаи дарёфти маблағҳои пулӣ барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ҷалб карда, пешакӣ маслиҳат намуданд, ки ба нуқтаи фурӯши сузишворӣ ҳуҷум карда маблағи пулӣ ба даст меоранд.
“Онҳо бо ин мақсад мусаллаҳ шуда, объекта худсохти дохилаш маводи тарканда-борут доштаро, ки онро қаблан тайёр намуда буд, гирифта, ба мағозаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории № 14-и ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Сомон, деҳаи Шуроб ҳуҷум намуданд”, - афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, Саидов бо мақсади ба тарсу ҳарос овардани кормандони нуқтаи фуруши сузишворӣ ва осон гардонидани содирнамоии ҷиноят, объекта худсохтро намоишкорона даргиронда ба дохили мағоза партофтааст, ки дар натиҷа таркиш ба амал меояд ва ӯ вориди мағоза шуда бо чӯбдаст муҳофизи маконро зада, аз хазинаи нуқтаи мазкур 1490-сомониро гирифтаю фирор мекунад.
Номбурда ғайр аз ин бо ду ноболиғи дигар қулфҳои дари даромади мағозаи хӯроквории “Ниёгон” воқеъ дар шаҳри Хисорро шикаста, ба маблағи 2762 сомонӣ маҳсулот дуздидааст.
Саидов Исматулло дар ниҳоят боздошт ва бо чор моддаи Кодекси ҷиноии кишвар айбдор дониста шуда, ба муҳлати 22 сол равонаи зиндони низомаш шадид мешавад.