https://sputnik.tj/20210630/prezident-vaziron-qoidaho-imlo-tojiki-barrasi-1040554544.html
Президенту вазирон қоидаҳои имлои тоҷикиро баррасӣ карданд
Президенту вазирон қоидаҳои имлои тоҷикиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ баррасӣ шуданд
2021-06-30T20:39+0500
2021-06-30T20:39+0500
2021-08-10T16:37+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
эмомалӣ раҳмон
забон
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040362116_0:83:2048:1235_1920x0_80_0_0_412dd05ac6040b946a7ab88da94886cb.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аъзои Ҳукумат имрӯз қарор дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикиро баррасӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, аммо тафсилотро ироа накардааст, ки ин қоидаҳо қабул шуданд ё на. Қаблан Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт, қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд. Ба иттилои ӯ, аз мушкилоти дигар ин навиштани калимаю ҳарфҳои иқтибосие мебошанд, ки дар қоидаҳои ҷадид тарзи дурусти навишти онҳо пешниҳод гардид.Аз ҷумла калимаҳои иқтибосие, ки ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" – ро доранд. Ин ҳарфҳо қаблан дар алифбои тоҷикӣ буданд, аммо соли 1998 гирифта шуданд.Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо нишон дода шудааст, аммо онҳо баргардонда намешаванд.Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз гардид, ки гуфт, қоидаҳои феълии имло ихтилофу духӯрагиҳо дошта, боиси баҳсу мунозираҳои нолозим мешаванд.“Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.
https://sputnik.tj/20210204/Dasturi-Rustami-Emomali-tojiki-nomguzori-poytakht-1032758905.html
https://sputnik.tj/20210528/tojikro-bo-tojik-shinosoned-suhbati-loiq-az-shuuri-milli-buzurgon-va-yak-hadisi-payghambar--1039818439.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040362116_146:0:1903:1318_1920x0_80_0_0_5b4f464a5f133c5f15bc5b3d0676a266.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, ҳукумат, раҳмон, имло, забони тоҷикӣ
президент, ҳукумат, раҳмон, имло, забони тоҷикӣ
Президенту вазирон қоидаҳои имлои тоҷикиро баррасӣ карданд
20:39 30.06.2021 (Навсозишуда: 16:37 10.08.2021) Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аъзои Ҳукумат имрӯз қарор дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикиро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, аммо тафсилотро ироа накардааст, ки ин қоидаҳо қабул шуданд ё на.
Қаблан Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт, қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд.
“Номи ҳарфҳо тағйир ёфтанд. Ба асолати тоҷикӣ баргаштем. Хусуиятҳои фонетикӣ, садонокҳо ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд”, - изҳор дошта буд раиси Кумитаи забон аввали соли равон.
Ба иттилои ӯ, аз мушкилоти дигар ин навиштани калимаю ҳарфҳои иқтибосие мебошанд, ки дар қоидаҳои ҷадид тарзи дурусти навишти онҳо пешниҳод гардид.
Аз ҷумла калимаҳои иқтибосие, ки ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" – ро доранд. Ин ҳарфҳо қаблан дар алифбои тоҷикӣ буданд, аммо соли 1998 гирифта шуданд.
Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо нишон дода шудааст, аммо онҳо баргардонда намешаванд.
“Вақте қоидаҳои имло мегӯем, сухан дар бораи 35 ҳарфи забон мегӯем. Яке аз бобҳои имлоро ба калимаҳои иқтибосӣ бахшидем, ба тарзи навишти ҳарфҳое, ки дар алифбои мо нестанд”, - изҳор дошт Муҳаммадҷонзода.
Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз гардид, ки гуфт, қоидаҳои феълии имло ихтилофу духӯрагиҳо дошта, боиси баҳсу мунозираҳои нолозим мешаванд.
“Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.