https://sputnik.tj/20210630/majlis-hukumat-tojikiston-1040550541.html
Маҷлиси Ҳукумат: Сулаймон Зиёзода аз афзоиши гӯшту тухм ба Раҳмон гузориш дод
Маҷлиси Ҳукумат: Сулаймон Зиёзода аз афзоиши гӯшту тухм ба Раҳмон гузориш дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид
2021-06-30T18:54+0500
2021-06-30T18:54+0500
2021-06-30T20:00+0500
дар тоҷикистон
президент
эмомалӣ раҳмон
маҷлиси ҳукумат
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102077/00/1020770010_0:157:3038:1866_1920x0_80_0_0_339eca2fe0520ec64984bdbf3a027af3.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар кори ин маҷлис ҳисоботи вазири кишоварзӣ, Сулаймон Зиёзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумат, дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ шунида шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.Гӯшту тухму моҳӣ зиёд шудВазир гуфтааст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар давраи солҳои 2018-2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, паранда, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, моҳӣ ва асал марҳила ба марҳила афзун гардидааст, ки нисбати дурнамои Барнома зиёд мебошад.Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто дастур додааст, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2018-2022-ро пурра таъмин намоянд.Лоиҳаи кадом қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудАз унвонҳои илмӣ то номивазкунии обектҳои ҷуғрофӣАъзои Ҳукумати Стратегияи Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 - ро баррасӣ намуданд.Дар баробари ин, масъалаҳои Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, додани унвонҳои илмӣ ва бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда низ аз мавзуъҳои баҳсшуда гуфта мешаванд.Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ аз масъалаҳои дигари маҷлис будааст.Зимистонгузаронӣ ва супоришҳо ба раисонДар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумат супоришҳо додааст.Ин дастурҳо вобаста ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи 30-солагии Истиқлол, ҷамъоварии беталафи ҳосил, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар кишвар рабт доранд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102077/00/1020770010_171:0:2867:2022_1920x0_80_0_0_1fefb57bbfe353af6d844fcb4c73c959.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҷлис, ҳукумат, тоҷикистон
маҷлис, ҳукумат, тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумат: Сулаймон Зиёзода аз афзоиши гӯшту тухм ба Раҳмон гузориш дод
18:54 30.06.2021 (Навсозишуда: 20:00 30.06.2021) Дар Душанбе таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар кори ин маҷлис ҳисоботи вазири кишоварзӣ, Сулаймон Зиёзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумат, дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ шунида шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Гӯшту тухму моҳӣ зиёд шуд
Вазир гуфтааст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар давраи солҳои 2018-2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, паранда, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, моҳӣ ва асал марҳила ба марҳила афзун гардидааст, ки нисбати дурнамои Барнома зиёд мебошад.
"Дастгирии Ҳукумат ва татбиқ гардидани имтиёзҳои додашуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, мусоидат намуда, дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои барномаи мазкур дар солҳои 2018-2022 ба 116 фоиз баробар гардидааст", - гуфтааст вазир.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто дастур додааст, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2018-2022-ро пурра таъмин намоянд.
Лоиҳаи кадом қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд
“Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
“Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”,
“Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”
“Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ”
Аз унвонҳои илмӣ то номивазкунии обектҳои ҷуғрофӣ
Аъзои Ҳукумати Стратегияи Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 - ро баррасӣ намуданд.
Дар баробари ин, масъалаҳои Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, додани унвонҳои илмӣ ва бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда низ аз мавзуъҳои баҳсшуда гуфта мешаванд.
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ аз масъалаҳои дигари маҷлис будааст.
Зимистонгузаронӣ ва супоришҳо ба раисон
Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумат супоришҳо додааст.
Ин дастурҳо вобаста ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи 30-солагии Истиқлол, ҷамъоварии беталафи ҳосил, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар кишвар рабт доранд.