https://sputnik.tj/20210629/ustod-ato-kaldorro-ozod-kard--1040516865.html
Устод Ато Калдорро озод кард
Устод Ато Калдорро озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти муштараки нерӯҳои марбут ба Ато Муҳаммади Нур ва ниҳодҳои мухталифи ҳукумати Афғонистон дар пайи як амалиёт вулусволии Алморро озод карданд
2021-06-29T15:45+0500
2021-06-29T15:45+0500
2021-07-24T14:40+0500
афғонистон
ато муҳаммади нур
гурӯҳи террористии "толибон"
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040472815_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_aabb9bf9fb35bc79edbb247790be6d49.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Қорӣ Қудратуллоҳ, ёвари Устод Ато Муҳаммади Нур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, амалиёти тасфиявӣ дар вулусволии Калдори вилояти Балх муваффақона ба фарҷом расид. "Дар ин амалиёт Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломӣ, фармондеҳи пулис, раис амнияти миллӣ, фармондеҳи ливои сарҳадии Балх ва шуморе аз фармондеҳони маҳаллӣ ҳузур доштанд. Толибон*, ки ба ҳадаф ишғоли вулусволии Калдор ва шаҳри бандарии Ҳайратон ба ин минтақа ҳуҷум оварда буданд, бо шикасти сангине рӯбарӯ ва ба иловаи талафот, аз тамоми манотиқи вулусволии Калдор ақиб ронда шуданд", - гуфт Қорӣ Ҳурматуллоҳ. Шаҳри Ҳайратон муҳимтарин нуқтаи тиҷоратӣ бо кишварҳои шимол - Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ҳатто кишварҳои Аврупову Чин аст. Аз ин шаҳр танҳо роҳи оҳани Афғонистон ва як қисмати бузурги маводи тиҷоратии воридотӣ ба Афғонистон мегузарад. Толибон* то ба ҳол 6 вулусволӣ аз 15 вулусволии Балхро забт кардаанд. Тасфияи дигар манотиқи вилояти Балх низ ҳамчунон идома дорад.Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидини Афғонистон дар ҳоле вориди майдони ҷангҳои Шимоли Афғонистон мешавад, ки даҳҳо вулусволии вилоёти шимолӣ, аз ҷумла шаш вулусволии вилояти Балх аз сӯи Толибон* забт шудаанд. Ӯ чанд рӯзи қабл аз шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб, ки он ҷо барои табобат рафта буд, дар пайи вахим шудани авзоъ, бахусус, вақте Толибон* дар пушти дарвозаи ғарбии шаҳри Мазори Шариф пайдо шуданд, тадовиашро қатъ карда баргашт. Вилояти Балх пойгоҳи асосии Ато Муҳаммади Нур ва худаш пурнуфузтарин чеҳраи ин вилоят ва вилоёти атрофи он ба ҳисоб меравад.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210627/ustod-ato-natijaho-avvalin-amaliyot-tolibon-balh-1040473403.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040472815_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_033e28fa09ca3adb64f8c9b3a794bcae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ато муҳаммади нур, гурӯҳи террористии "толибон"
афғонистон, ато муҳаммади нур, гурӯҳи террористии "толибон"
Устод Ато Калдорро озод кард
15:45 29.06.2021 (Навсозишуда: 14:40 24.07.2021) Нерӯҳои марбут ба Ато Муҳаммади Нур ва ниҳодҳои мухталифи ҳукумати Афғонистон дар пайи як амалиёт вулусволии Калдорро озод карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Қорӣ Қудратуллоҳ, ёвари Устод Ато Муҳаммади Нур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, амалиёти тасфиявӣ дар вулусволии Калдори вилояти Балх муваффақона ба фарҷом расид.
"Дар ин амалиёт Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломӣ, фармондеҳи пулис, раис амнияти миллӣ, фармондеҳи ливои сарҳадии Балх ва шуморе аз фармондеҳони маҳаллӣ ҳузур доштанд. Толибон*, ки ба ҳадаф ишғоли вулусволии Калдор ва шаҳри бандарии Ҳайратон ба ин минтақа ҳуҷум оварда буданд, бо шикасти сангине рӯбарӯ ва ба иловаи талафот, аз тамоми манотиқи вулусволии Калдор ақиб ронда шуданд", - гуфт Қорӣ Ҳурматуллоҳ.
Шаҳри Ҳайратон муҳимтарин нуқтаи тиҷоратӣ бо кишварҳои шимол - Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ҳатто кишварҳои Аврупову Чин аст.
Аз ин шаҳр танҳо роҳи оҳани Афғонистон ва як қисмати бузурги маводи тиҷоратии воридотӣ ба Афғонистон мегузарад. Толибон* то ба ҳол 6 вулусволӣ аз 15 вулусволии Балхро забт кардаанд. Тасфияи дигар манотиқи вилояти Балх низ ҳамчунон идома дорад.
Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидини Афғонистон дар ҳоле вориди майдони ҷангҳои Шимоли Афғонистон мешавад, ки даҳҳо вулусволии вилоёти шимолӣ, аз ҷумла шаш вулусволии вилояти Балх аз сӯи Толибон* забт шудаанд.
Ӯ чанд рӯзи қабл аз шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб, ки он ҷо барои табобат рафта буд, дар пайи вахим шудани авзоъ, бахусус, вақте Толибон* дар пушти дарвозаи ғарбии шаҳри Мазори Шариф пайдо шуданд, тадовиашро қатъ карда баргашт. Вилояти Балх пойгоҳи асосии Ато Муҳаммади Нур ва худаш пурнуфузтарин чеҳраи ин вилоят ва вилоёти атрофи он ба ҳисоб меравад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия