https://sputnik.tj/20210629/sokinoni-istaravshan-tuhfai-prezidentro-giriftand-1040510405.html
Сокинони Истаравшан тӯҳфаи Президентро гирифтанд
Сокинони Истаравшан тӯҳфаи Президентро гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба хонаводаҳои 10 ҷамоати шаҳр китоби "Тоҷикон" тақсим карда мешавад
2021-06-29T12:16+0500
2021-06-29T12:16+0500
2021-06-29T12:44+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
истаравшан
китоб
таърихи тоҷикон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510049_0:90:960:630_1920x0_80_0_0_d791bf0c8bda055a6eeac5cd12420d77.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Туҳфаи Президент — китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони шаҳри Истаравшан низ дастрас гардид, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр. Бино бар иттилои манбаъ, тақсимоти китобҳо дар 10 ҷамоати деҳот ва 22 кумитаи маҳаллаи шаҳр муташаккилона ҷараён дорад.Раиси шаҳри Истаравшан аз ҷараёни тақсимоти китоби мазкур боздид ба амал овардааст."Ӯ масъулинро ба расонидани ёрии ҳамаҷониба ба комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президент вобаста ба сари вақт ба аҳолӣ дастрас намудани туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон муваззаф намуд", - афзудааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба ҳар хонадони мамлакат тақдим карда мешавад.
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510049_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_bcef5bb9a6f1e0f9dcf10ff12a74c684.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
китоб таърих
Сокинони Истаравшан тӯҳфаи Президентро гирифтанд
12:16 29.06.2021 (Навсозишуда: 12:44 29.06.2021) Китоби "Тоҷикон" ба ҳар як хонаводаи шаҳри Истаравшан тақсим карда мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Туҳфаи Президент — китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони шаҳри Истаравшан низ дастрас гардид, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Бино бар иттилои манбаъ, тақсимоти китобҳо дар 10 ҷамоати деҳот ва 22 кумитаи маҳаллаи шаҳр муташаккилона ҷараён дорад.
Раиси шаҳри Истаравшан аз ҷараёни тақсимоти китоби мазкур боздид ба амал овардааст.
"Ӯ масъулинро ба расонидани ёрии ҳамаҷониба ба комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президент вобаста ба сари вақт ба аҳолӣ дастрас намудани туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон муваззаф намуд", - афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба ҳар хонадони мамлакат тақдим карда мешавад.