Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Раҳмон аз рушди муносибот гуфту Ҷабборов масъалаи марзро пеш гузошт: навори суҳбат

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборовро ба Душанбе хушомадед гуфт ва ба рушди муносиботи дуҷониба изҳори боварӣ кард
Дар навбати худ, раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов аз пазироӣ ва даъвати Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ изҳори сипос карда, ба масъалаи марз дахл кард.
Чор соат гузашт: суҳбати як ба яки Раҳмону Ҷабборов ба дарозо кашид
Ӯ гуфт, аз рухдодҳои рӯзи 28 апрел мутаассиф аст ва ҷанг дар марз набояд дигарбора такрор шавад, чун тоҷику қирғиз ду халқи бародар ҳаст.
"Мехостам таъкид кунам, ки ҳарду ҷониб набояд ба такрори бархӯрдҳои мусаллаҳона роҳ диҳанд. Халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз замонҳои қадим халқи бародар буданд, қирғизҳо ва тоҷикон ҳамеша муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстонаро нигоҳ медоранд”, - таъкид дошт ӯ.
Президент Содир Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки бо талошҳои муштарак ҷонибҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти марзиро пайдо хоҳанд кард.
Ҷабборов ба Раҳмон аз бародарӣ гуфт: набояд ба такрори низоъ роҳ дод
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба сафари расмии Содир Ҷабборов ба кишвар аҳамияти ҷиддӣ дода, ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо манфиатдор аст.
Навори суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Тоҷикистон Содир Ҷабборовро хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон нашр кард.
Лентаи хабарҳо
0