Хонандаи синфи се дар Хуҷанд аз озмуни байналмилалӣ медали тилло гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники сидят за партой в защитных масках
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Яке аз фаъолтаринҳои озмун хонандагони гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд буд, ки дар он аз синфи 2 то 6-ум 52 хонандаи ин муассиса иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Салоҳиддин Эргашев, хонандаи синфи 3-юми гимназияи ба номи Гётеи Хуҷанд дар озмуни "Кенгуруи математикии байналмилалӣ" ҷои якумро гирифт ва соҳиби медали тилло гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, озмуни мазкур дар литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд ва дар он хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
"Яке аз шартҳои асосии озмун дар ҷараёни он ин истифода набурдани ҳисобкунак (калкулятор) ва адабиёти гуногун мебошад. Дар озмуни Кенгуру зиёда аз 200 нафар хонандагон иштирок карданд", - менависад котиботи раиси шаҳр.
Гуфта мешавад, яке аз фаъолтарин муассисаҳои таълимӣ дар озмуни мазкур, гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд буд, ки дар он аз синфи 2 то 6-ум 52 нафар хонандаи гимназия иштирок карданд.
Натиҷаи озмуни байналхалқӣ нишон дод, ки аз шумораи мазкур 31 нафар хонанда соҳиби Сертификат, 12 нафар соҳиби медали биринҷӣ, 8 нафар нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар соҳиби медали тилло шуданд.
"Салоҳиддин Эргашев, хонандаи синфи 3-юми гимназияи ба номи Гёте дар озмуни мазкур ягона нафаре аст, ки соҳиби медали тилло ва ҷои ифтихорӣ гаштааст. Салоҳиддин дар оянда мехоҳад барномасози номӣ шуда, дар рушду нумӯи соҳаи технологияи рақамӣ саҳми худро гузорад", - афзудааст манбаъ.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Кенгуру, озмун-бозии байналхалқии математикӣ байни хонандагон – номи расмии байналхалқии он “Кенгуруи математикии байналхалқӣ” ё “Кенгуру бе сарҳад” аст.
Озмуни мазкур бори аввал дар Австралия соли 1978 бо идеяи Питер О’Хэллоран гузаронида шуд. Аз ин лиҳоз, озмуни мазкур номи Кенгуруро гирифтааст.
Аз соли 1993 Кенгуру сатҳи байналхалқиро гирифтааст. Имрӯз он яке аз озмунҳои сатҳи олии интеллектуалӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз 77 давлати ҷаҳон наздик 6 миллион нафар хонандагон иштирок мекунанд.
Бо мақсади дастгирии хонандагон ва ҳавасманд намудани онҳо, аз соли 1991 барои иштирок дар озмуни мазкур аъзоҳаққии яквақта ҷорӣ карда шуд ва ба хонандагон тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0