Ҷабборов ба Раҳмон аз бародарӣ гуфт: набояд ба такрори низоъ роҳ дод

© Пресс-служба президента КыргызстанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Содир Ҷабборов ҳаводиси ахири марзиро рӯзҳои озмоишҳои шадиди таърихӣ ва ғаму андӯҳ номид
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 июн, дар Душанбе мулоқоти як ба як доир кардаанд.
Тибқи иттилои котиботи президенти Қирғизистон, дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба сафари расмии Содир Ҷабборов ба кишвар аҳамияти калон медиҳад ва ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо самимона манфиатдор аст.
Сайругашти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Барномаи имрӯзи Раҳмону Ҷабборов дар Душанбе - аз мулоқоти як ба як то имзои чор санад
"Тоҷикистон ва Қирғизистон дар заминаи бисёрҷониба ба таври созанда ҳамкории мутақобила доранд ва омодаем бо шумо ҳолат ва дурнамои тамоми доираи муносибатҳоро муҳокима кунем", - гуфтааст ӯ.
Дар навбати худ, Содир Ҷабборов ба Президент Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати сафари расмӣ ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идома Содир Ҷабборов бо таассуф қайд кардааст, ки рӯйдодҳои фоҷиабори рӯзҳои 28-30 апрели имсол барои мардуми ду кишвар рӯзҳои озмоишҳои шадиди таърихӣ ва ғаму андӯҳ шуданд.

"Мехостам таъкид кунам, ки ҳарду ҷониб набояд ба такрори бархӯрдҳои мусаллаҳона роҳ диҳанд. Халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз замонҳои қадим халқи бародар буданд, қирғизҳо ва тоҷикон ҳамеша муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстонаро нигоҳ медоранд”, - таъкид дошт ӯ.

Президент Содир Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки бо талошҳои муштарак ҷонибҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти марзиро пайдо хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, пас аз мулоқоти як ба як, сарони кишварҳо музокиротро дар ҳайати васеъ идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0