https://sputnik.tj/20210629/buhron-guzasht-moodys-reytingi-qarzii-tojikiston-ustuvor-1040520760.html
Буҳрон гузашт? Moody's бори дигар рейтинги қарзии Тоҷикистонро устувор донист
Буҳрон гузашт? Moody's бори дигар рейтинги қарзии Тоҷикистонро устувор донист
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати байналмилалии рейтингии Moody's баъд аз чаҳор сол рейтинги байналмилалии қарзии Тоҷикистонро аз ҳолати “манфӣ” ба ҳолати “устувор” тағйир дод
2021-06-29T17:15+0500
2021-06-29T17:15+0500
2021-06-29T17:53+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
бмт
рейтинг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040518631_0:78:3297:1932_1920x0_80_0_0_29bbada8b303cc48c94a08c1db1ac3bd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран агентии байналмилалии рейтингии Moody's Investors Service (Moody's) бори нахуст аз соли 2018 дурнамои рейтинги байналмилалии қарзии Тоҷикистонро аз дараҷаи (ҳолати) “манфӣ” ба дараҷаи “устувор” тағйир дод.БМТ қайд кардааст, ки барои тағйир додани дурнамои рейтинг аз дараҷаи “манфӣ” ба “устувор” пешравии Тоҷикистон дар самти устувор намудани мавқеаш аз рӯи пардохтҳои беруна тайи соли охир ба шумор меравад, ки ин ба андозаи назаррас зиёд шудани захираҳои асъориро дар натиҷаи афзудани самаранокии идорасозии захираҳои байналмилалӣ бозгӯ менамояд. Ҳамзамон дар натиҷа эҳтимолияти фишори зиёди хавфҳои берунии афзоянда ба профили қарзии Тоҷикистон низ камтар гардид.Гуфта шудааст, ки Агентии Moody's бар он аст, ки ҳаҷми ин захираҳо дар сатҳи ҷорӣ боқӣ монда, барои саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои дарпешистода аз рӯи пардохтҳои беруна кофӣ мебошад. Ҳамчунин аз ҷониби Бонки миллӣ таъкид шудааст, ки пандемияи коронавирус ҳамкории мутақобили Тоҷикистонро бо шарикони рушд суръат бахшида, ба такмили минбаъдаи асосҳои сиёсӣ ва ангезаи ислоҳот дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20161028/sahowatmandi-84-Tojikiston-1020969875.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040518631_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0e6a414a65fee7a20072009e70cfcbc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, moody's, иқтисод, рейтинг, қарзӣ, устувор
тоҷикистон, moody's, иқтисод, рейтинг, қарзӣ, устувор
Буҳрон гузашт? Moody's бори дигар рейтинги қарзии Тоҷикистонро устувор донист
17:15 29.06.2021 (Навсозишуда: 17:53 29.06.2021) Ширкати байналмилалии рейтингии Moody's баъд аз чаҳор сол рейтинги байналмилалии қарзии Тоҷикистонро аз ҳолати “манфӣ” ба ҳолати “устувор” тағйир дод
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран агентии байналмилалии рейтингии Moody's Investors Service (Moody's) бори нахуст аз соли 2018 дурнамои рейтинги байналмилалии қарзии Тоҷикистонро аз дараҷаи (ҳолати) “манфӣ” ба дараҷаи “устувор” тағйир дод.
“Агентии Moody's ба Тоҷикистон рейтинги қарзии “B3”-ро бо дурнамои “устувор” сазовор донист”, - таъкид доштааст манбаъ.
БМТ қайд кардааст, ки барои тағйир додани дурнамои рейтинг аз дараҷаи “манфӣ” ба “устувор” пешравии Тоҷикистон дар самти устувор намудани мавқеаш аз рӯи пардохтҳои беруна тайи соли охир ба шумор меравад, ки ин ба андозаи назаррас зиёд шудани захираҳои асъориро дар натиҷаи афзудани самаранокии идорасозии захираҳои байналмилалӣ бозгӯ менамояд.
Ҳамзамон дар натиҷа эҳтимолияти фишори зиёди хавфҳои берунии афзоянда ба профили қарзии Тоҷикистон низ камтар гардид.
Гуфта шудааст, ки Агентии Moody's бар он аст, ки ҳаҷми ин захираҳо дар сатҳи ҷорӣ боқӣ монда, барои саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои дарпешистода аз рӯи пардохтҳои беруна кофӣ мебошад.
“Вобаста ба ин устувории кишвар дар баробари аксар фишорҳои беруна ва инчунин пардохтпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд”, - зикр намудааст БМТ.
Ҳамчунин аз ҷониби Бонки миллӣ таъкид шудааст, ки пандемияи коронавирус ҳамкории мутақобили Тоҷикистонро бо шарикони рушд суръат бахшида, ба такмили минбаъдаи асосҳои сиёсӣ ва ангезаи ислоҳот дар кишвар мусоидат хоҳад кард.