https://sputnik.tj/20210629/bozdoshti-shahrvandoni-tojikiston-dar-rusiya-geroin-1040519121.html
Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои фуруши героин
Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои фуруши героин
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи Красноярски Русия роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русияро бастанд
2021-06-29T16:45+0500
2021-06-29T16:45+0500
2021-06-29T16:45+0500
дар тоҷикистон
красноярск
героин
шаҳрвандон
боздошт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/50/1021225003_0:19:1024:595_1920x0_80_0_0_5f2612259a4a9d21dc0e8e8c68ec1dd4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар қаламрави Красноярски Русия аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат будааст, боздошт карданд, хабар медиҳад сарраёсати ВКД Русия дар ин минтақа.Тибқи иттилои манбаъ, маълум шуд, ки синни шахсони боздоштшуда аз 20 то 27 солро ташкил медиҳад. Онҳо қасд доштанд героинро дар қаламрави Красноярск фурӯшанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки героинро ба таври фосилавӣ тариқи интерент-мағоза бо истифода аз сервиси мубодилаи паёмакҳои фаврии яке аз паёмрасонҳои интернетӣ, фурӯшанд.Ҷинояткоронро кормандони милитсия ҳангоми амалиёти махсус боздошт карданд. Дар худрави онҳо 190 бастаи маводи мамнӯъ дарёфт ва мусодира гардид.Дар хонаи онҳо боз 470 бастаи дигар пайдо шуд. Ғайр аз он, ба полис муяссар шуд, ки 80 бастаи маводи мухаддирро, ки барои фурӯш пешбинӣ шуда буданд, мусодира кунад.Дар маҷмӯъ 720 грамм ҳероин мусодира карда шуд, ки арзиши он дар бозори сиёҳ ба 2 миллион рубл мерасад.Нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон парванди ҷиноӣ дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оғоз карда шудааст. Гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи қавонини Русия метавонанд ба мӯҳлати 20 сол зиндон шаванд. Айни замон тафтишоти ин қазия идома дорад.
https://sputnik.tj/20210420/bozdosht-shahrvand-tojikiston-uzbekiston-qochoqi-mavodi-muhaddir-1038803321.html
красноярск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/50/1021225003_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_104db53e446f27309a80585c910f1424.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия маводи мухддир, героин, фурӯш, боздошт шаҳрванд
тоҷикистон, русия маводи мухддир, героин, фурӯш, боздошт шаҳрванд
Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои фуруши героин
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи Красноярски Русия роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русияро бастанд
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар қаламрави Красноярски Русия аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат будааст, боздошт карданд, хабар медиҳад сарраёсати ВКД Русия дар ин минтақа.
Тибқи иттилои манбаъ, маълум шуд, ки синни шахсони боздоштшуда аз 20 то 27 солро ташкил медиҳад. Онҳо қасд доштанд героинро дар қаламрави Красноярск фурӯшанд.
"Полис муайян кард, ки ду зодаи Тоҷикистон, ки дар манзилҳои иҷора дар маркази вилоят зиндагӣ мекарданд, маводи мухаддирро дар хона нигоҳ доштаву бастабандӣ менамуданд", - хабар медиҳад раёсати Вазорати корҳои дохилии Красноярск.
Онҳо тасмим гирифтанд, ки героинро ба таври фосилавӣ тариқи интерент-мағоза бо истифода аз сервиси мубодилаи паёмакҳои фаврии яке аз паёмрасонҳои интернетӣ, фурӯшанд.
Ҷинояткоронро кормандони милитсия ҳангоми амалиёти махсус боздошт карданд. Дар худрави онҳо 190 бастаи маводи мамнӯъ дарёфт ва мусодира гардид.
Дар хонаи онҳо боз 470 бастаи дигар пайдо шуд. Ғайр аз он, ба полис муяссар шуд, ки 80 бастаи маводи мухаддирро, ки барои фурӯш пешбинӣ шуда буданд, мусодира кунад.
Дар маҷмӯъ 720 грамм ҳероин мусодира карда шуд, ки арзиши он дар бозори сиёҳ ба 2 миллион рубл мерасад.
Нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон парванди ҷиноӣ дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оғоз карда шудааст.
Гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи қавонини Русия метавонанд ба мӯҳлати 20 сол зиндон шаванд. Айни замон тафтишоти ин қазия идома дорад.