https://sputnik.tj/20210629/afzoish-tedodi-muhojiron-deportshuda-rusiya-1040510565.html
Афзоиши теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар Русия
Афзоиши теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар қиёс бо соли гузашта афзудааст
2021-06-29T12:30+0500
2021-06-29T12:30+0500
2021-08-10T14:40+0500
муҳоҷират
депорт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031908003_0:145:3126:1903_1920x0_80_0_0_0bb7ea46b7dfd184c5d552212a6620be.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар давоми се моҳи аввали соли 2021 аз Русия 1345 шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ депорт карда шуданд, хабар медиҳад, "Известия" бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии кишвар. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ҳамин давраи соли 2020 ин рақам тақрибан 1139 нафарро ташкил додааст. Инчунин хабар дода мешавад, ки дар панҷ моҳи соли равон 27,8 ҳазор муҳоҷир иҷозатномаи кор гирифтаасту беш аз 538 ҳазор муҳоҷир соҳиби патент шудааст. Ба гуфти раиси комиссияи Палатаи ҷамъиятӣ оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳо, муовини якуми раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Русия Владимир Зорин, ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, як чораи мантиқӣ ва дуруст аст. Ҳамзамон, Зорин қайд кард, ки Русия ба нерӯи корӣ ниёз дорад, чун талош мекунад, иқтидори саноатӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии худро баланд бардорад. Коршинос афзуд, ки дар Федератсияи Русия бояд низоми муайяни интихоби муҳоҷирон эҷод карда шавад; дар назди давлат инчунин вазифаи ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ ба фарҳанги Русия гузошта шудааст. Ҳамзамон Зорин қайд кард, ки тиҷорати бузург "кадрҳои боқуввати хориҷиро намехоҳад".Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон мавқеи дигар дорад. Ба гуфти ӯ, бояд ҳамаи касбҳоро бонуфуз кард, то сокинони Русия низ барои ин корҳо ҳавасманд бошанд. Ва барои ин, таъмин кардани фаррошон ва кӯчарӯбҳо бо манзили хидматӣ хуб мебуд.ВКД Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳо нисбати фарзандони худ масъулиятнок ҳастандЁдовар мешавем, ки 15 июни соли 2021 Владимир Путин фармонро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Русия имзо кард. Дар ин фармон омадааст, ки то 30 сентябри соли равон хориҷиён ҳақ доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ба онҳо депорт таҳдид намекунад.
https://sputnik.tj/20210626/muhojiron-muvazzaf-rusiya-nekhoh-1040464060.html
https://sputnik.tj/20210617/rusiya-muhojiron-qonuni-1040261542.html
https://sputnik.tj/20210408/kudakon-muhojiron-russia-1035117793.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031908003_199:0:2928:2047_1920x0_80_0_0_8c2b08db3c195f79a7f7798ab18ff319.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, теъдоди муҳоҷирон, русия
афзоиш, теъдоди муҳоҷирон, русия
Афзоиши теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар Русия
12:30 29.06.2021 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар қиёс бо соли гузашта афзудааст
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар давоми се моҳи аввали соли 2021 аз Русия 1345 шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ депорт карда шуданд,
хабар медиҳад, "Известия" бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ҳамин давраи соли 2020 ин рақам тақрибан 1139 нафарро ташкил додааст. Инчунин хабар дода мешавад, ки дар панҷ моҳи соли равон 27,8 ҳазор муҳоҷир иҷозатномаи кор гирифтаасту беш аз 538 ҳазор муҳоҷир соҳиби патент шудааст.
Ба гуфти раиси комиссияи Палатаи ҷамъиятӣ оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳо, муовини якуми раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Русия Владимир Зорин, ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, як чораи мантиқӣ ва дуруст аст.
"Мо бояд барои он шароит фароҳам кунем, ки ба кишвари мо ашхоси лозима ба иқтисод, ки дорои тахассуси муайяне ҳастанд, биёянд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳо қонунҳои моро вайрон накунанд", - таъкид кард, коршинос.
Ҳамзамон, Зорин қайд кард, ки Русия ба нерӯи корӣ ниёз дорад, чун талош мекунад, иқтидори саноатӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии худро баланд бардорад.
Коршинос афзуд, ки дар Федератсияи Русия бояд низоми муайяни интихоби муҳоҷирон эҷод карда шавад; дар назди давлат инчунин вазифаи ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ ба фарҳанги Русия гузошта шудааст.
Ҳамзамон Зорин қайд кард, ки тиҷорати бузург "кадрҳои боқуввати хориҷиро намехоҳад".
"Мо кӯшиш кардем, ки ҷалби одамонро - бо тартиби забондонӣ, муоинаи тиббӣ ба роҳ монем. Аммо ин кор то ҳол натиҷа намедиҳад", - хулоса кард ӯ.
Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон мавқеи дигар дорад.
Ба гуфти ӯ, бояд ҳамаи касбҳоро бонуфуз кард, то сокинони Русия низ барои ин корҳо ҳавасманд бошанд. Ва барои ин, таъмин кардани фаррошон ва кӯчарӯбҳо бо манзили хидматӣ хуб мебуд.
Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли 2021 Владимир Путин фармонро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Русия имзо кард.
Дар ин фармон омадааст, ки то 30 сентябри соли равон хориҷиён ҳақ доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ба онҳо депорт таҳдид намекунад.