https://sputnik.tj/20210628/vazi-covid-19--maskav-dushvor-1040494542.html
Собянин дар бораи вазъи COVID-19 дар Маскав: душвор аст
Собянин дар бораи вазъи COVID-19 дар Маскав: душвор аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Маскав вазъи пащншавии вируси корона дар пойтахти Русияро шарҳ дод
2021-06-28T17:30+0500
2021-06-28T17:30+0500
2021-06-28T17:30+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
маскав
сергей собянин
эмгузаронӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032101732_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6d5d039410fa1bb17bc1add1ab477b30.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Вазъи COVID-19 дар Маскав ҳамоно душвор боқӣ мемонад, гуфт мири шаҳр, Сергей Собянин.Шаҳрдор афзуд, аз ин рӯ мақомот маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард.Акнун ба тарабхонавҳо ва қаҳвахонаҳо танҳо касоне, ки ваксина гирифтанд, шифоёфтаанд ва онҳое, ки ташхиси манфии вируси коронаро доранд, дастрасӣ доранд. Ба гуфти ӯ, дар натиҷаи ин тадбирҳо шумораи сабтҳои эмгузаронӣ дар рӯзҳои корӣ то 86 ҳазор афзоиш ёфт, ки "ин нишондиҳандаи хуб аст".Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои Маскав қоидаҳои нав мавриди амал қарор гирифтанд. Акнун ба тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо танҳо ашхосе роҳ дода мешаванд, ки эм гирифтаанд ё аз вируси корона шифо ёфтаанд.Инчунин шаҳрвандоне, ки озмоиши манфии вируси коронаро доранд, метавонанд аз хизматрасонии қаҳвахонаҳо истифода кунанд. Кормандони ин муассисаҳо бояд пурра эм гирифта бошанд. Дар давоми рӯзи гузашта дар Маскав шумораи максималии фавт аз коронавирус - 124 ҳолат, сабт карда шуд. Аз оғози пандемия дар пойтахт, 1 346 183 нафар гирифтори вируси корона шудааст.22 ҳазору 210 нафар беморон қурбонии ин беморӣ шуданду 1миллиону 148 ҳазору 291 нафар аз ин вабои аср шифо ёфтанд.
https://sputnik.tj/20210628/master-ismayl-astrazeneca-zindaam-tojikiston-1040483371.html
https://sputnik.tj/20210628/narh-vaksina-muhojiron-mehnati-1040494014.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032101732_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_35ff0a05a40c65e3690ba018f859d2f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъи вируси корона, маскав,
вазъи вируси корона, маскав,
Собянин дар бораи вазъи COVID-19 дар Маскав: душвор аст
Раиси шаҳри Маскав вазъи паҳншавии вируси корона дар пойтахти Русияро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Вазъи COVID-19 дар Маскав ҳамоно душвор боқӣ мемонад, гуфт мири шаҳр, Сергей Собянин.
"Дар тӯли ҳафтаи охир шумораи беморони дар беморхонаҳо бистаришуда, одамони дар шӯъбаи эҳёбуда ва фавтидагон аз коронавирус рекордӣ шуд", - гуфт ӯ.
Шаҳрдор афзуд, аз ин рӯ мақомот маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард.
Акнун ба тарабхонавҳо ва қаҳвахонаҳо танҳо касоне, ки ваксина гирифтанд, шифоёфтаанд ва онҳое, ки ташхиси манфии вируси коронаро доранд, дастрасӣ доранд.
Ба гуфти ӯ, дар натиҷаи ин тадбирҳо шумораи сабтҳои эмгузаронӣ дар рӯзҳои корӣ то 86 ҳазор афзоиш ёфт, ки "ин нишондиҳандаи хуб аст".
"Бори дигар такрор мекунам, ки мо бо як навъи сирояти хеле хатарноку марговар сари кор дорем. Ман аз ҳама хоҳиш мекунам, ки худро эҳтиёт кунанд ва бо аввалин имконият эм гиранд", - таъкид кард Собянин.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои Маскав қоидаҳои нав мавриди амал қарор гирифтанд. Акнун ба тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо танҳо ашхосе роҳ дода мешаванд, ки эм гирифтаанд ё аз вируси корона шифо ёфтаанд.
Инчунин шаҳрвандоне, ки озмоиши манфии вируси коронаро доранд, метавонанд аз хизматрасонии қаҳвахонаҳо истифода кунанд. Кормандони ин муассисаҳо бояд пурра эм гирифта бошанд.
Дар давоми рӯзи гузашта дар Маскав шумораи максималии фавт аз коронавирус - 124 ҳолат, сабт карда шуд. Аз оғози пандемия дар пойтахт, 1 346 183 нафар гирифтори вируси корона шудааст.
22 ҳазору 210 нафар беморон қурбонии ин беморӣ шуданду 1миллиону 148 ҳазору 291 нафар аз ин вабои аср шифо ёфтанд.