Раҳмон Ҷабборовро ба сайругашти шомгоҳӣ ба Варзоб бурд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар боғи "Кӯли ҷавонон"-и Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Кӯли ҷавонон-и Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Мақсад аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ муаррифии мавзеъҳои зебои Тоҷикистон гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз бӯстонсарои "Баҳор" дар Варзоб дидан карданд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Тавре манбаъ менависад, шоми имрӯз, 28 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар Варзоб, ташриф оварданд.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Ҷабборов ба Тоҷикистон омад: Расулзода ӯро пешвоз гирифт
Манбаъ меафзояд, мақсад - шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад.
"Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ - муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад", - таъкид кардааст дафтари матбуоти президент.

Сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон

Имрӯз, 28 июн нахустин сафари расмии Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар фурудгоҳ Ҷабборовро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.
Гулдухтарони тоҷик, ки ба пешвози раисҷумҳури Қирғизистон баромада буданд, президентро бо забони қирғизӣ хушомадед гуфтанд.
Пазироӣ бо забони қирғизӣ: нашри навори пешвози Ҷабборов дар Тоҷикистон
Тавре хадамоти матбуоти Қирғизистон навиштааст, мулоқотҳои президенти Қирғизистон бо ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон фардо, 29 июн баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, аз ҷумла масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки доғ аст ва дигар масоили ҳамкории ду кишвар, баррасӣ шаванд.
Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд ва раисиҷумҳури Қирғизистон ин даъватро пазируфт.
Лентаи хабарҳо
0