Пиёдагарди 60-сола зери чархи "Опел-Астра" ҳалок шуд

© SputnikРазбитое стекло автомобиля, архивное фото
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Мардро ба бемористон интиқол доданд, аммо мутаассифона табибон натавонистанд наҷот диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Дар пайи як садамаи маргбор пиёдагарди 60-сола зери чархи "Опел-Астра" ҳалок шуд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ҳодиса шоми 26 июн дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун рух додааст.
Бино ба иттилои ВКД, ронанда аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст, ки боиси рух додани садама гардидааст.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Ду садамаи маргбор дар Тоҷикистон: дучархарон ва савори "Квадросикл" ҷон бохтанд
"26-уми июни соли 2021, тахминан соати 21:00 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Холов Саломиддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар шоҳрохи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён” аз ӯҳдаи идора автомашина баромада натавонистааст", - менависад ВКД Тоҷикистон.
Дар натиҷа пиёдагард, Ғоибов Заробиддин Илҳомиддиновичи 60-сола сокини ҷамоати деҳоти Қумсангир, деҳаи Ҳилолро пахш намудааст.
Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама
"Дар пайи садама пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0