“Хуҷанд” тими ҳамшаҳрашро шикаст доду мавқеашро бозпас гирифт

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаҳои даври ёздаҳуми Чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футбол хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ гуфт, 26-27 июн бозии даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз панҷ бозии баргузоршуда чор бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ҷамъбаст гардид.
“Дар дербии Хуҷанд дастаи “Хуҷанд” бар тими “Эсхата” бо ҳисоби 5:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки дар ҳайати “Хуҷанд” Абдулмуъмин Забиров ва Дилшод Бозоров дуголӣ ба ҳадаф расонда, як голи дигарро Тоҳир Малодӯстов вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Чор бозии дигари давр мусовӣ анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла бозӣ миёни дастаҳои КМВА – “Куктош” бо ҳисоби 2:2, “Хатлон” – “Истаравшан” – 0:0, “Равшан” – “Истиқлол” – 1:1 ва “Душанбе” – “Файзканд” – 1:1 ба қайд гирифта шуд.
Бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 3 ва 4 июл баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ “Истаравшан” бо “Душанбе”, “Куктош” бо “Хатлон”, “Истиқлол” бо “Эсхата”, “Файзканд” бо “Хуҷанд” ва “Равшан” бо КМВА вомехӯранд.
Лентаи хабарҳо
0