Фатирмаска - хӯроки лазизе аз харбуза, ки на ҳама медонанд

Обуна шудан
Фатирмаскаро асосан дар ҷануби Тоҷикистон омода мекунанд
Фатирмаска - хӯроки лазизи тоҷикист, ки аз фатир, маска ва харбуза омода мешавад.
Онро асосан дар ҷануби Тоҷикистон омода мекунанд ва сокинони на ҳамаи минтақаҳои кишвар медонанд.
Фатирмаскаро низ мисли қурутоб дар табақ ва қошуқи чӯбӣ тайёр мекунанд: маскаро гарм карда ба табақ мерезанд ба болояш фатирро пора карда, сипас то пурра ҷабидани равған онро майда мекунанд.
Қурутоб ғизои махсуси тоҷикон: гузориши "The New York Times"
Вақте омода шуд, дар болояш харбузаро реза карда мегузоранд ва истеъмол мекунанд.
Тобистон, ки вақти пухта расидани харбуза аст, мавсими фатирмаска низ ҳаст. Аммо онро дар дигар фаслҳо низ метавон омода кард: фақат бояд харбуза пайдо намуд.
Лентаи хабарҳо
0