https://sputnik.tj/20210628/almaato-mavj-chorum-koronavirus-1040492833.html
Алмаато дар пешорӯи мавҷи чоруми коронавирус қарор дорад
Алмаато дар пешорӯи мавҷи чоруми коронавирус қарор дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи эпидемиологҳо, афзоиши якбораи ин беморӣ аз ҳисоби навъи нави коронавирус - "делта", ки аз Нур-Султон ва Русия ворид гардида буд, сурат гирифт 28.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-28T16:19+0500
2021-06-28T16:19+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
қазоқистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039038337_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_6bef3455635dc7964e17869887b5dfa0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар пешорӯи мавҷи чоруми бемории коронавирус қарор дорад.Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ сардухтури санитарии Алмаато Жандарбек Бекшин хабар дод ва афзудааст, ки шумораи ҳолатҳои нави "делта" ба 46 нафар расидааст. Ба гуфтаи ӯ, пойтахти ҷанубӣ дар арафаи мавҷи чорум аст.Дар ҳамин ҳол, аз аввали сол дар Алмаато 55101 ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки моҳи июн 3 889 ҳолатро дарбар мегирад.Гуфта мешавад, давоми ҳафтаи ахир бемории коронавирус 1,7 маротиба афзудааст.Бинобар авҷ гирифтани коронавирус дар ин ин шаҳр, Жандарбек аз тамоми аҳолӣ даъват намуд, ки чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо ниқобу дастпӯш иҷозати гашту гузор дода шавад.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039038337_277:0:998:541_1920x0_80_0_0_fd819ba3b3db5c66c00c248c6abdc033.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, тандурустӣ, осиёи марказӣ, коронавирус
қазоқистон, тандурустӣ, осиёи марказӣ, коронавирус
Алмаато дар пешорӯи мавҷи чоруми коронавирус қарор дорад
16:19 28.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ба гуфтаи эпидемиологҳо, афзоиши якбораи ин беморӣ аз ҳисоби навъи нави коронавирус - "делта", ки аз Нур-Султон ва Русия ворид гардида буд, сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар пешорӯи мавҷи чоруми бемории коронавирус қарор дорад.
Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ сардухтури санитарии Алмаато Жандарбек Бекшин хабар дод ва афзудааст, ки шумораи ҳолатҳои нави "делта" ба 46 нафар расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, пойтахти ҷанубӣ дар арафаи мавҷи чорум аст.
"Бояд иқрор намоем, ки дар арафаи мавҷи чоруми коронавирус қарор дорем. Мо навакак аз мавҷи сеюм баромадем, ки онро штамми алфа бритониёии сирояти коронавирус ба вуҷуд овардааст. Ҳоло мо дар арафаи мавҷи чорум ҳастем, ки аз шиддати делтаи Ҳиндустон ба амал меояд. Мо маҷбур шудем чораҳои шадиди маҳдудкуниро қабул кунем", - тавзеҳ дод сардухтур.
Дар ҳамин ҳол, аз аввали сол дар Алмаато 55101 ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки моҳи июн 3 889 ҳолатро дарбар мегирад.
Гуфта мешавад, давоми ҳафтаи ахир бемории коронавирус 1,7 маротиба афзудааст.
Бинобар авҷ гирифтани коронавирус дар ин ин шаҳр, Жандарбек аз тамоми аҳолӣ даъват намуд, ки чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо ниқобу дастпӯш иҷозати гашту гузор дода шавад.