https://sputnik.tj/20210627/vkd-nizom-elektroni-jinoyat-1040469864.html
ВКД низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро роҳандозӣ кард
ВКД низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро роҳандозӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Вазорати корҳои дохила системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷинояҳо ба кор даромад
2021-06-27T09:00+0500
2021-06-27T09:00+0500
2021-07-07T18:39+0500
дар тоҷикистон
вкд
шикоят
электронӣ
қайд
низоми нав
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102967/45/1029674500_0:0:2996:1685_1920x0_80_0_0_6276dd48af248c69b7e8e5414299746a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Ахиран дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода ва роҳбари Шуъбаи мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон –Сита Фаррелл маросими намоиш ва ба истифодадиҳии системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷиноят баргузор гардид.Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила системаи мазкур бо мақсади сифатан беҳтар намудан ва ҳарчи бештар дастрас гардонидани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, ба таври фаврӣ вокуниш нишон додан ба мушкилоти ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон дар асоси технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин вазорат қайд кардааст, ки ин низом барои саривақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, хосатан пешгирии аз қайд пинҳон намудани аризаю шикоятҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани эътимоди халқ ба милитсия, ба роҳ мондани шаффофият ва огоҳонидани аҳолӣ аз раванди санҷиши арзу шикоятҳо кумак хоҳад кард. Гуфта шудааст, ки системаи мазкур ба таври таҷрибавӣ имрӯз танҳо дар ҳудуди ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ҷорӣ гардида, минбаъд дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн мегардад.
https://sputnik.tj/20210528/koftukobi-rasmi-vkd-mardum-bozdoshti-dilovar-1039814430.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102967/45/1029674500_253:0:2920:2000_1920x0_80_0_0_8c4af4282b46e09d75272c92c7d10522.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, низоми электронӣ, ҷиноят, роҳандозӣ, шикоят
вкд, низоми электронӣ, ҷиноят, роҳандозӣ, шикоят
ВКД низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро роҳандозӣ кард
09:00 27.06.2021 (Навсозишуда: 18:39 07.07.2021) Дар Вазорати корҳои дохила системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷинояҳо ба кор даромад
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Ахиран дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода ва роҳбари Шуъбаи мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон –Сита Фаррелл маросими намоиш ва ба истифодадиҳии системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷиноят баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила системаи мазкур бо мақсади сифатан беҳтар намудан ва ҳарчи бештар дастрас гардонидани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, ба таври фаврӣ вокуниш нишон додан ба мушкилоти ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон дар асоси технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин вазорат қайд кардааст, ки ин низом барои саривақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, хосатан пешгирии аз қайд пинҳон намудани аризаю шикоятҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани эътимоди халқ ба милитсия, ба роҳ мондани шаффофият ва огоҳонидани аҳолӣ аз раванди санҷиши арзу шикоятҳо кумак хоҳад кард.
Гуфта шудааст, ки системаи мазкур ба таври таҷрибавӣ имрӯз танҳо дар ҳудуди ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ҷорӣ гардида, минбаъд дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн мегардад.