“Маҳалгароӣ боиси ҷанг шуд”: Файзов аз нақши Раҳмону Оқохони IV дар сулҳ гуфт

© AKDNАга-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҳамоиш бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатхонаи Хоруғ аз саҳми Оқохони IV дар муътадил шудани вазъ дар Тоҷикистон гуфт
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Раиси ВМКБ ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро фурсати муносиб барои гирифтани сабақ хонда, афзуд, сабақи таърих беҳтарин устодест, ки моро аз содир ва такрор намудани иштибоҳ бозмедорад.
Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Файзов яке аз сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паст будани ҳуввияти миллии аксарияти ҷомеа дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба таври сунъӣ ба минтақаҳо ҷудо намудани ҷамъият хонд.
Ӯ аз оқибатҳои ҷанг гуфта, изҳор дошт, ки агар зиёни моддию маънавиро бо гузашти вақт метавон бартараф сохт, лекин ҷони зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандро, ки аксар ҷавон буданд, наметавон ҷуброн намуд.
Президент РТ Эмомали Рахмон и руководитель ОТО Саид Абдулло Нури на переговорах о мире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон: аз ҷанг то сулҳ
Файзов бо таъкиди аҳамияти интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми роҳбарии Тоҷикистон гуфта, изҳор дошт, ки роҳбари он замон ҷавон фаъолияти худро аз ба ҳам овардани миллат, новобаста аз маҳаллу қавму эътиқод оғоз намуд.
Ба гуфтаи раиси ВМКБ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи воситаҳо барои таъмини амну суботи ҷомеа кор бурда, афзуд, ки яке аз чунин иқдом даъвати пешвои исмоилиёни ҷаҳон Волоҳазрат Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ ба Тоҷикистон ва муҳайё сохтани мулоқоти он шахс бо пайравонаш буд.
Ба гуфтаи Файзов, сафару мулоқоти Оқохони IV дар баробари дигар омилҳо, вазъияти муташанниҷи вилоятро то андозае ба эътидол овард.

“Дар ҳидояту мулоқотҳои нахустин Имоми Замон ба пайравони худашон, махсусан, онҳое, ки силоҳ дар даст доштанд, таъкид намуданд, ки ислом дини салоҳу сахо аст ва аз тариқи яроқ ҳал намудани мушкилот хоси исломи нобу асл нест”, - зикр намуд Файзов.

Ӯ афзуд, ки Оқохони IV бо таъмини ғизо, маводи таълим, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аз тариқи мусоидати модию молиявӣ, барои субот дар кишвар кумак намуд.
Раиси ВМКБ изҳор дошт, ки ҳидояти роҳбари мазҳабӣ ба ҷамоат бобати эътирофу эҳтирому итоат аз қонунгузории Тоҷикистон дастури ҳаётии ҷамоати исмоилии мамлакат гардид.
Ӯ таъкид кард, ки роҳбари мазҳабии исмоилиён пайравони худашонро ҳамеша роҳнамоӣ ба он менамояд, ки дар ҷаҳони гуногунандешӣ таҳаммулгароӣ ва эҳтироми эътиқоду урфу одоти дигарон омили ҳамзистии осоишта ва пешравии ҷамъият аст.
Файзов дар охир бо ишора ба вазъияти ташвишовар дар ҷаҳону минтақа афзуд, ки бояд аз ҳарвақта дида бештару барои таъмину таҳкими сулҳу суботи кишвар ва ваҳдату ягонагии ҷомеа талош карду донишу таҷриба кор бурда шавад.
Лентаи хабарҳо
0