Аз басташавии корхонаҳо то таъмини манфиатҳои коргарон дар даври пандемия: ҷаласаи вазорат

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Обуна шудан
Вазорати меҳнат доир ба иқдомҳои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории Covid-19, ҳифзи саломатии кормандони ташкилоту муассисаҳо ва таъмини фаъолияти босамари корхонаҳо дар ин давра тавсияҳои мушаххас додааст
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Ахиран дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиши машваратӣ доир ба таъмини бехатарии меҳнат, ҳифзи ҷойҳои кории фаъол, пешгирӣ аз басташавии корхонаву коргоҳҳо ва таъмини манфиатҳои коргарон дар давраи пандемия баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар аснои ҳамоиш тавсияҳои муштараки Вазорати меҳнат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва мушовири Созмони байналмилалии тандурустӣ Ораш Алоӣ барои таъмини ҳифзи саломатӣ ва беҳдошти кормандони ташкилотҳо дар ҷойҳои корӣ муҳокима гардид.
Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур доир ба иқдомҳои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории Covid-19, ҳифзи саломатии кормандони ташкилоту муассисаҳо ва таъмини фаъолияти босамари корхонаҳо дар ин давра тавсияҳои мушаххас доданд.
Школьники Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2020
Вазорати меҳнат: дар Тоҷикистон коронавирус нест, аммо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмист
Гуфта шудааст, ки аз ҷониби иштирокчиён ва намояндагони иттифоқҳои касаба низ як қатор пешниҳодҳо манзур гардид.
Манбаъ зикр намудааст, ки тавсияҳои муштараки Вазорати меҳнат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва мушовири Созмони байналмилалии тандурустӣ барои таъмини ҳифзи саломатӣ ва беҳдошти кормандони ташкилотҳо дар ҷойҳои корӣ қабул гардиданд, ва барои истифода ба корхонаву ташкилотҳо пешниҳод карда хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0