Сӯиқасд ба ҷони президенти Колумбия: навор аз ҷои ҳодиса

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузариш ба медиабонкВертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото
Вертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Обуна шудан
Ба сӯи чархболе, ки дар дохили он президенти Колумбия Иван Дуке қарор дошт, тақрибан шаш маротиба оташ кушоданд
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Чархболи президенти Колумбия мавриди ҳамлаи ашхоси номаълум қарор гирифт, хабар медиҳад шабакаи Noticias Caracol.

"Чархбол ҳангоми парвоз аз шаҳри Сардината ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ба сӯи он ҳадди аққал шаш тир холӣ карда шуд. Ба шарофати таҷрибаи халабонҳо қазия ба хубӣ ҳал шуд", - омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи президент, вазирони дифоъ ва корҳои дохилӣ, губернатор ва мири шаҳри Кукута парвоз доштанд. Бино ба маълумоти пешакӣ дар паи тирпарронӣ касе осеб надидааст.
Раисиҷумҳур хабари ҳуҷум ба чархболашро тасдиқ кард.

"Мехоҳам ба саҳми мардуми кишвар бирасонам, пас аз он, ки мо корамонро дар Сардинат ба анҷом расонидем ва барои фурӯд омадан дар Кутука наздик шудем, чархболи президент, мавриди ҳамла қарор гирифт", - менависад хадамоти матбуотии президент аз қавли кишвардор.

Раисиҷумҳур одамонеро, ки чархболро мавриди ҳуҷум қарор доданд, тарсончак хонд.
Дар баробари ин расонаҳои Колумбия оқибати тирпаррониро ба навор гирифта онро нашр карданд.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 23 феврал раҳбари гурӯҳи радикалии нерӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия Суксис Паусерн Эрнандес Соларте, ки бо тахаллуси Хесус Сантрич маъруф аст, дар як паёми видеоӣ ба президенти Колумбия таҳдид кардааст.
Навори мазкур 13 феврал дар Венесуэла сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0