Гулсумбӣ Шарифова, давандаи тоҷик, шояд ба Олимпиадаи 2020 наравад

© Sputnik / Амир ИсаевШарифова Гулсумби
Шарифова Гулсумби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик лат бардоштааст ва акнун хавфи нарафтанд ба Бозиҳои олимпиро дорад
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Варзишгари шинохтаи тоҷик Гулсумбӣ Шарифова дар мавсими имсола меъёри ширкат дар Бозиҳои олимпии Токиоро иҷро кард.
Орзуи варзишгар барои дар мусобиқаҳои асосӣ ҷаҳон ширкат кардан шояд ин бор амалӣ нашавад, зеро ӯ лат бардоштаву ҷароҳати пояш барқарор мешавад.
Шарифова пас аз як мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд лат бардошт.
Як манбаъ дар Федератсияи варзиши сабук ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки табиати ҷароҳат амалан имкон намедиҳад, ки дар мусобиқаҳои бузург пурра ширкат варзад.
Ҳоло бим аз он аст, ки даванда барои пурра барқарор шудан ба Олимпиадаи Токио-2020 вақт нахоҳад дошт.
Ҳамин тариқ, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиада метавонад як роҳхатро аз даст диҳад.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Комроншоҳ Устопириён роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро гирифт
Ёдовар мешавем, ки варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарифова дар навбати гирифтани роҳхати аз Тоҷикистон сеюмин иштирокчии Бозиҳои олимпӣ гардид.
Даванда дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сеюмин мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Геннадий Арзуманов ширкат варзид. Вай дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 22,72 сония бо меъёри 22,80 тилло ба даст овард.
Натиҷаи ба даст овардашуда ба варзишгар имкон дод, ки ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирад.
Қаблан муштзанҳо Шаббос Негматуллоев ва Буходур Усмонов ба Олимпиадаи 2020 роҳ ёфтанд.
Ғайр аз ин, ба наздикӣ чор дзюдочии тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Акмал Муродов, Темур Раҳимов иҷозатномаи расмӣ гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0