https://sputnik.tj/20210626/26-iun-dar-tarih-1040393948.html
Даргузашти Шоиста Муллоҷонова ва зодрӯзи Фаррух Рӯзиматов: 26 июн дар таърих
Даргузашти Шоиста Муллоҷонова ва зодрӯзи Фаррух Рӯзиматов: 26 июн дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи бисту шашуми июн Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣва гардиши маводи мухаддир мебошад
2021-06-26T06:00+0500
2021-06-26T06:00+0500
2021-06-26T06:00+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
дар як рӯз
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039890702_0:68:1280:788_1920x0_80_0_0_6aea5194846a895780b4cf5827b60e5f.png
Рӯзи 26 июн дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1982 Лигаи миллии футболи Амрико кокаинро таҳдидкунандаи асосии варзиш номид.Соли 1995 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия ба автомобили Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак тир парронда шуд.Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи "Ню-Йорк Дейли Нюс" ба нашр расид.Соли 1976 дар шаҳри Торонтои Канада баландтарин бино дар ҷаҳон — Бурҷи миллии Канада (Canadian National Tower) бо баландии 553 метру 34 см сохта шуд.Рӯзи 26 июн дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 2009 хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ "Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин" ба истифода дода шуд.Соли 2011 дар шаҳри Душанбе аввалин Ҷашнвораи байналмилалии асбобҳои мусиқии "Навои арғунун" баргузор гардид.Соли 2014 миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафтанд.Соли 2014 дар Малайзия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии "Протон" дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуданд. Зимни боздид ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.Ҷашнҳои рӯзи 26 июнРӯзи 26 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадаастСоли 1933 - Бахтиёр Аҳмадов, доктори илми тиб, профессор. Соли 1942 - Акрам Ҷӯраев, олими соҳаи физикаи ҳастаӣ. Соли 1949 - Майрам Юсуфова, коргардони кино. Соли 1951 - Сайдалӣ Савзов, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Соли 1963 - Фаррух Рӯзиматов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.Рӯзи 26 июн кӣ даргузаштСоли 2010 дар шаҳри Нью-Йорк дар синни 85 - солагӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.
https://sputnik.tj/20210623/uzi-23-iun-dar-tarih-1040237083.html
https://sputnik.tj/20210622/22-iun-dar-tarih-1040236301.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039890702_70:0:1210:855_1920x0_80_0_0_38d206f5e7a86712f39effa664af7b3e.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашн, тоҷикистон, ҷаҳон
Даргузашти Шоиста Муллоҷонова ва зодрӯзи Фаррух Рӯзиматов: 26 июн дар таърих
Рӯзи бисту шашуми июн Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣва гардиши маводи мухаддир мебошад
Рӯзи 26 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1982 Лигаи миллии футболи Амрико кокаинро таҳдидкунандаи асосии варзиш номид.
Соли 1995 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия ба автомобили Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак тир парронда шуд.
Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи "Ню-Йорк Дейли Нюс" ба нашр расид.
Соли 1976 дар шаҳри Торонтои Канада баландтарин бино дар ҷаҳон — Бурҷи миллии Канада (Canadian National Tower) бо баландии 553 метру 34 см сохта шуд.
Рӯзи 26 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ "Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин" ба истифода дода шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе аввалин Ҷашнвораи байналмилалии асбобҳои мусиқии "Навои арғунун" баргузор гардид.
Соли 2014 миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафтанд.
Соли 2014 дар Малайзия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии "Протон" дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуданд. Зимни боздид ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир.
Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа.
Дар Озарбойҷон — Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.
Рӯзи 26 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1933 - Бахтиёр Аҳмадов, доктори илми тиб, профессор.
Соли 1942 - Акрам Ҷӯраев, олими соҳаи физикаи ҳастаӣ.
Соли 1949 - Майрам Юсуфова, коргардони кино.
Соли 1951 - Сайдалӣ Савзов, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1963 - Фаррух Рӯзиматов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 2010 дар шаҳри Нью-Йорк дар синни 85 - солагӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.