Дар Помир маркази нигаҳдории бабри барфӣ ташкил мешавад

© Парк флоры и фауны "Роев ручей"Самка снежного барса Аксу
Самка снежного барса Аксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Марказ бо дастгирии Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон бунёд хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Мурғоб Маркази барқарорсозӣ ва нигаҳдории бабри барфӣ ташкил карда мешавад, гузориш медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Бино бар иттилои манбаъ, масъалаи ташкили Марказ дар ноҳияи Мурғоби дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо намояндагони Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Германия (NABU) Томас Тенхардет ва Катя Каупсч дар Душанбе баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи мавзеъҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта баррасӣ гардид.
Снежный барс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Кумитаи муҳити зист дар бораи ҳамлаи бабри барфӣ ба чорво дар ВМКБ: мардум гунаҳкоранд?
"Ҳамчунин истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Германия (NABU), амалишавии лоиҳаҳои нави дуҷониба дар самти ҳифз ва нигаҳдории экосистемаҳо, гузаронидани мониторинг ва зиёд намудани популятсияҳои ҳайвоноти нодири ба Китоби сурх дохилшуда, матраҳ гардиданд", - менавсад манбаъ.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода масъалаҳои амалӣ гардидани чорабиниҳои ба нақша гирифташударо ба миён гузошта, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда иброз намуд.
Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро "паланги ширмол" ё "озодапаланг" низ меноманд, аз нодиртарин ҷонварон аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.
Снежный барс (ирбис) в вольере Московского зоопарка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Бабри барфӣ дар Ишкошим 45 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод
Муҳофизони табиат мегӯянд, макони аслии зисти бабрҳои барфӣ, дар шарқи Бадахшон буда, ин ҷонвари нодир то баландиҳои 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр сукунат дорад ва ба сардии ҳаво тобовар аст.
Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.
Тибқи иттилои созмонҳои зистмуҳитӣ низ дар солҳои ахир, бабрӣ барфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба деҳаҳо даромадааст.
Лентаи хабарҳо
0