https://sputnik.tj/20210625/peshnihodi-jabborov-baroi-mahrum-kardani-maqomdoroni-emnagirifta-az-maosh-1040452320.html
Пешниҳоди Ҷабборов барои маҳрум кардани мақомдорони эмнагирифта аз маош
Пешниҳоди Ҷабборов барои маҳрум кардани мақомдорони эмнагирифта аз маош
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфти Ҷабборов ваксинаҳо бояд ба зудӣ тавассути ҳавопаймо, аз кадом нуқтаи ҷаҳон ки набошад, дастрас карда шавад
2021-06-25T18:34+0500
2021-06-25T18:34+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
қирғизистон
эмгузаронӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039836345_0:43:3370:1939_1920x0_80_0_0_605e3de653981322630bca3d32e35369.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Муовини раиси Девони вазирон - вазири иқтисод ва молияи Қирғизистон, Оқилбек Ҷабборов пешниҳод кард, ки дар Қирғизистон вазъи фавқулода эълон гардад ва хизматчиёни давлатӣ, ки ваксинаи коронавирус нагирифтаанд аз маош маҳрум карда шаванд.Дар ин бора вазир, дар ҷаласаи ғайринавбатии Девони вазирон гуфтааст, менависад Sputnik Қирғизистон.Ба гуфти ӯ, бояд ба раҳбари Вазорати ҳолатҳои фавқулода Бообек Ажикеев супориш дода шавад, ки ваксинаҳоро тавассути ҳавопаймо аз куҷое, ки набошад, дастрас кунад. "Мо бояд низоми ваксинзании ихтиёрӣ - маҷбуриро ҷорӣ кунем. Чӣ бояд кард, агар Вазорати тандурустӣ мустақилона масъалаи ваксинзаниро ҳал карда наметавонад? Чӣ қадар табибон ваксина гирифтанд? Онҳо гаштаю баргашта бемор мешаванд. Ва артиш? ВКД? Ба 368 ҳазор хизматчии давлатӣ бояд гуфт, агар ваксин нагиранд, маошро нахоҳанд гирифт. Пешниҳоди маро дастгирӣ кунед, бояд вазъияти фавқулода ҷорӣ карда шавад", - гуфт Ҷабборов. Қаблан Ҷабборов дар мулоқот бо соҳибкорон гуфта буд, ки дар кишвар танҳо 0,7 фоизи шаҳрвандон эм карда шудаанд. Ба гуфти ӯ, ин як фоҷиа ва суқути иқтисод аст, ки ба тиҷорат, хидматрасонӣ ва сайёҳӣ асос ёфтааст. Дар мулоқот бо соҳибкорон Ҷабборов гуфт, ки Девони вазирон барои онҳое, ки мехоҳанд ба тавлиди ваксина шурӯъ кунанд, тамоми шароитҳоро фароҳам хоҳад овард. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишвар бо ваксинаи русии "Sputnik V" эм карда мешавад ва он ҳам, танҳо 80 ҳазор доза харидорӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210603/qirghiziston-tiramoh-covid-vaznin-1039951169.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039836345_365:0:3006:1981_1920x0_80_0_0_63847bd983564ff56832890c33f0c7f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош, вируси корона, қирғизистон, эмгузаронӣ
маош, вируси корона, қирғизистон, эмгузаронӣ
Пешниҳоди Ҷабборов барои маҳрум кардани мақомдорони эмнагирифта аз маош
18:34 25.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ба гуфти Ҷабборов ваксинаҳо бояд ба зудӣ тавассути ҳавопаймо, аз кадом нуқтаи ҷаҳон ки набошад, дастрас карда шавад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Муовини раиси Девони вазирон - вазири иқтисод ва молияи Қирғизистон, Оқилбек Ҷабборов пешниҳод кард, ки дар Қирғизистон вазъи фавқулода эълон гардад ва хизматчиёни давлатӣ, ки ваксинаи коронавирус нагирифтаанд аз маош маҳрум карда шаванд.
Дар ин бора вазир, дар ҷаласаи ғайринавбатии Девони вазирон гуфтааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфти ӯ, бояд ба раҳбари Вазорати ҳолатҳои фавқулода Бообек Ажикеев супориш дода шавад, ки ваксинаҳоро тавассути ҳавопаймо аз куҷое, ки набошад, дастрас кунад.
"Мо бояд низоми ваксинзании ихтиёрӣ - маҷбуриро ҷорӣ кунем. Чӣ бояд кард, агар Вазорати тандурустӣ мустақилона масъалаи ваксинзаниро ҳал карда наметавонад? Чӣ қадар табибон ваксина гирифтанд? Онҳо гаштаю баргашта бемор мешаванд. Ва артиш? ВКД? Ба 368 ҳазор хизматчии давлатӣ бояд гуфт, агар ваксин нагиранд, маошро нахоҳанд гирифт. Пешниҳоди маро дастгирӣ кунед, бояд вазъияти фавқулода ҷорӣ карда шавад", - гуфт Ҷабборов.
Қаблан Ҷабборов дар мулоқот бо соҳибкорон гуфта буд, ки дар кишвар танҳо 0,7 фоизи шаҳрвандон эм карда шудаанд.
Ба гуфти ӯ, ин як фоҷиа ва суқути иқтисод аст, ки ба тиҷорат, хидматрасонӣ ва сайёҳӣ асос ёфтааст.
Дар мулоқот бо соҳибкорон Ҷабборов гуфт, ки Девони вазирон барои онҳое, ки мехоҳанд ба тавлиди ваксина шурӯъ кунанд, тамоми шароитҳоро фароҳам хоҳад овард.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишвар бо ваксинаи русии "Sputnik V" эм карда мешавад ва он ҳам, танҳо 80 ҳазор доза харидорӣ шудааст.