https://sputnik.tj/20210625/murodov-navrasi-maub-dushanbe-hona-tuhfa-1040448037.html
Муродов ба ду навраси маъюб дар Душанбе ду хона туҳфа кард
Муродов ба ду навраси маъюб дар Душанбе ду хона туҳфа кард
Sputnik Тоҷикистон
Пештар ҳам соҳибкори тоҷик ба чанд оилаи камбизоат ва ҳамзамон маъюбон дар маркази Душанбе манзил дода буд
2021-06-25T16:29+0500
2021-06-25T16:29+0500
2021-06-25T16:40+0500
иҷтимоъ
душанбе
тақдим
манзил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102642/06/1026420683_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_e0fd018be81a5f45794c1bb98e0866d3.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Маҳмудҷон Муродов, раиси ширкати сохтмонии “Сарманзил”, ба ду нафар навраси маъюб хонаҳо туҳфа кардааст.Маросими супоридани хонаҳо имрӯз зимни чорабиние, ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташкил шуд, сурат гирифтааст, навиштааст рӯзноманигор Бахтовар Аминзода дар сафҳаи фейсбукияш.Ба навиштаи ӯ, Муродов ба Тоирова Шукрона ва Хатича Муслимова хонаҳо додааст, ки бо сабаби маъюбӣ наметавонанд озодона роҳ бираванд. Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода ва 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони имконияташон маҳдуд - Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд.Муродов ба модари серфарзанд дар Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кардӮ инчунин Хонаи кӯдакони пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт.Муродов ба ду оилаи дигари маъюб дар Душанбе хона дод-аксҳоҲамчунин ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102642/06/1026420683_373:483:2459:2048_1920x0_80_0_0_b4813e1bdd0d25855798018e44852b6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муродов ду наврас маъюб душанбе хона туҳфа
муродов ду наврас маъюб душанбе хона туҳфа
Муродов ба ду навраси маъюб дар Душанбе ду хона туҳфа кард
16:29 25.06.2021 (Навсозишуда: 16:40 25.06.2021) Пештар ҳам соҳибкори тоҷик ба чанд оилаи камбизоат ва ҳамзамон маъюбон дар маркази Душанбе манзил дода буд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Маҳмудҷон Муродов, раиси ширкати сохтмонии “Сарманзил”, ба ду нафар навраси маъюб хонаҳо туҳфа кардааст.
Маросими супоридани хонаҳо имрӯз зимни чорабиние, ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташкил шуд, сурат гирифтааст, навиштааст рӯзноманигор Бахтовар Аминзода дар сафҳаи фейсбукияш.
Ба навиштаи ӯ, Муродов ба Тоирова Шукрона ва Хатича Муслимова хонаҳо додааст, ки бо сабаби маъюбӣ наметавонанд озодона роҳ бираванд.
Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода ва 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони имконияташон маҳдуд - Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд.
Ӯ инчунин Хонаи кӯдакони пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт.
Ҳамчунин ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.