Кори 4 истироҳатгоҳи кӯдаконаи пойтахт оғоз ёфт

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкМеждународный детский центр "Артек", архивное фото
Международный детский центр Артек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Алъон дар чаҳор истироҳатгоҳи кӯдаконаи пойтахт 948 нафар фароғат доранд
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Истироҳатгоҳҳои кӯдаконаи "Орзу", "Шарора", "Зимчуруд" ва "Гулхан" дарҳои худро ба рӯи хонандагони мактаб боз намуданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба итттилои манбаъ. басти якуми қабули хонандагон дар ин истироҳатгоҳҳо аз 25 июн оғоз ёфт ва то 6 июл идома мекунад.
Таджикские школьники на линейке первого сентября новой школы №31 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Пештар: маълум шуд, кай хонандагони тоҷик ба таътили тобистона мебароянд
Гуфта мешавад, феълан дар истироҳатгоҳҳо 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагон, 118 омӯзгору кормандони техникӣ ва 80 нафар аз тарбиятгирандагони Мактаб - интернати рақами 1 барои ятимону бепарасторон, қарор доранд.
Манбаъ меафзояд, маконҳои истироҳатӣ барои кӯдакон пайваста бо маҳлулҳои зидди вирусӣ безарар гарндонида мешаванд.
Илова бар ин, тозагии ошхона, ҷойи хоби кӯдакон ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0